Куштор: Дар н. Рӯдакӣ як ҷавонро куштанд. 3 гумонбар нобилиғанд
“20-уми апрели соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бе ягон асос ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дар ҷамоати шаҳраки Навобод бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задаанд”,- омадааст дар ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ