Куштор дар сарҳад ва бохт дар ҷабҳаи иттилоотӣ
Боз садои автомат. Боз нооромии сарҳад. Боз дар марзи Қирғизистон. Боз як тоҷик қурбон.
Ин ҳодиса шоми 12-уми апрели соли 2022 дар ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғд рух дод. Марзбонони қирғиз ба “далел”-и вайрон кардани сарҳад ҷониби ҳамкасбони тоҷикашон тирандозӣ карданд. Ҳол он ки, хати сарҳад ҳанӯз маълум нест ва вайрон шудани он зери шубҳа қарор дорад. Вале чун ҳамеша ҷониби Қирғизистон пешхезӣ карда, бо баҳонаи сарҳадвайронкунӣ ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Вале мо тоҷикони муаддаб “даҳони баста сад тилло” гуфтему хомӯшӣ интихоб намудем. Қаблан ҳам хомӯш будем, ҳоло ҳам хомӯшем. Минбаъд низ хомӯш монем? Ҳол он ки, дар чунин низоъҳо касе бурд мекунад, ки дар ҷанги иттилоотӣ бурд мекунад. Дар ин ҷанг ҳамеша қирғизҳо пешдастанд, тоҷикон таҳаммулпазириро пеша мекунанд. Ҳанӯз мардум саҳархӯрӣ накарда, дар тамоми расонаҳои дунё хабар паҳн шуд, ки тоҷикон сарҳадшиканӣ карданд ва як аскари қирғиз дар задухӯрд ҷароҳат бардошт. Ҳол он ки, сарҳадшиканӣ набуд ва як сарҳадбони тоҷик аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз ба қатл расонида шуд.
Низоъ баъди мулоқот
Ин низоъ дар ҳоле бархест, ки субҳи 12-уми апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо чанде аз роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, раисони Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара бо раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев музокирот доштанд. Вале новобаста аз ин сарҳадбонони қирғиз тирандозӣ карданд ва сабабгори марги як тоҷик гаштанд.
Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз мегӯяд: “Вақте сарҳадбонони мо ба хидмат машғул буданд, сарҳадбонҳои Қирғизистон хостаанд бо онҳо суҳбат кунанд. Онҳо ҷониби ҳам ҳаракат мекунанд. Маълум, ки ин провокатсия буд. Сарҳадбонони қирғиз ҷониби ҳамкасбони тоҷики худ тир мекушоянд. Дар натиҷа чанд нафар маҷруҳ ва Зоир Саидумарови 27-сола, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон кушта мешавад”.
Муовини раиси ҷамоати Хистеварз мегӯяд, ҳоло вазъ дар минтақаҳои марзӣ ором аст, ҳарчанд баъзе аз сокинон мегӯянд, аз такрори чунин ҳодисаҳо нигаронанд. “Мардум ба таҳлука наафтоданд. Ин бори аввал нест. Мо гуруҳи тарғиботӣ дорем ва мардуми маҳаллаҳои наздимарзиро огоҳ кардем, ки ҳушёр бошанд”,- мегӯяд Матлуба Ҷӯрабоева.
Гуфтушуниди бенатиҷа
Мақомоти ду тараф рӯзи 13-уми апрел дар минтақаи Борбодук вохӯрда, розӣ шудаанд, ки «неруҳои худро аз хати марз ба маҳали доимияшон бармегардонанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахирро пурра меомӯзанд».
Бахши аввали мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи марзии Борбордуки кишвари ҳамсоя, дар ҳудуди гузаргоҳҳои сарҳадии «Кулунду» ва «Овчи-қалъача» бо тавофуқ ба пас кашидани неруҳо аз хати марз ва созишҳои дигари бахши амниятиву кишоварзӣ ба поён расид. Ин мулоқот 13-уми апрел сурат гирифт.
Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аз сӯйи Қирғизистон фармондеҳи Хадамоти марзбонии КДАМ Уларбек Шаршеев, раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздисарҳадӣ ширкат доштанд.
Ҷонибҳо бар пайи баррасии тирпарронии шаби гузашта ба тавофуқ расиданд, ки неруҳоро аз хати марз ба маҳали будубошашон пас мекашанд ва сабабу омилҳои ҳодисаи рухдодаро пурра меомӯзанд.
Вале аксари коршиносон ин гуфтушунидҳоро барои ҳалли мушкили марз бенатиҷа арзёбӣ мекунанд.
Қурбонии навбатӣ
Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буд. Ӯ дар даъвати баҳории соли 2020 ба хидмат рафта буд ва ин шабу рӯз муҳлати хидматаш ба поён мерасид.
Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, ки маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шуд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ афзуд, ки дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.
P.S. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хати марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.
Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дар ин ҷамоат беш аз 62 ҳазор одам зиндагӣ мекунанд.
Марз дар ин минтақа пурра муайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва тарафи Тоҷикистон низ борҳо марзбонону шаҳрвандони Қирғизистонро ба ғайриқонунӣ гузаштан аз марз гунаҳкор кардааст.
Низои хунбортарин Рамазони соли гузашта, охири моҳи апрели соли 2021 сар зад ва се рӯз идома кард. Дар натиҷа, аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву маҷруҳ шуданд.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ