Куштор ва таҷовузи толиба аз ҷониби ҳамсинфон

Прокуратураи  шаҳри Турсунзода дар робита ба қатли як духтари ноболиғ бо дасти ду ҳамсинфаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Юсуф Раҳмон, Прокуратураи генералии  Тоҷикистон, рӯзи 16 феврал дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии кишвар бо изҳори нигаронӣ гуфт, «ду хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода ба номуси ҳамсинфи худ таҷовуз карда, баъдан ӯро ба қатл расондаанд.«

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ин ду хонандаи мактаб боздошт ва аз тарафи прокуратура алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. «Бинобар халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот ва ноболиғ будани боздоштшудаҳо аз онҳо ном намебарам, аммо ин ҳодисаро додситонӣ таҳқиқ дорад», — афзуд ӯ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *