Куштори 17 нафар дар як рӯз

Рӯзи 13-уми июн дар Афғонистон дасти кам 17 нафар аз ҷониби гуруҳи номаълум кушта шудаанд ва то ҳол масъулияти ин ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ бар душ нагирифтааст.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди баъзе аз пешрафтҳо дар музокироти давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳо бештар шудааст. Мақомот дар вилояти Хуст гуфтанд, ки чанд марди мусаллаҳ 8 нафарро куштанд.

Абдул Валӣ, як номзад ба интихоботи порлумонии соли гузашта дар миёни кушташудаҳо будааст.

Дар вилояти Лугар се занро бо як духтараш куштанд. Дар вилояти Бадахшони Афғонистон як фармондеҳи ҳукуматӣ ва се ҳамроҳашро куштанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамлае дар вилояти Тахор як рӯҳонӣ ба ҳалокат расид.

Дар Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон наздики 40 сол боз ҷанг давом дорад. Талошҳо барои сулҳ ҳанӯз комёб нашудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *