Куштори Александр Захарченко

Бинобар иттилои РИА Новости, 1 сентябри соли равон дар маркази Донеск, дар қаҳвахонаи «Сепар» таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи он сарвари Ҷумҳурии худэълонкардаи халқии Донеск Александр Захарченко ба ҳалокат расид..

Тибк иттилои манбаъҳои мақомоти қудратӣ дар қаҳвахонаи «Сепар», начандон дуртар аз қароргоҳи Захарченко таркиш ба вуқуъ омад, ки бар асари он як касс ҳалок ва се нафар захм бардоштанд. Баъдтар вакили шурои халқии ҶХД Владислав Бердичевский тасдиқ намуд, ки нафари ҳалокгардида сарвари ҶХД А. Захарченко мебошад. Алҳол вазъият дар Донбасс дар хатти ҳамҳудуд бо Украина ором аст.

Гумонбарон дар куштори А. Захаров дастгир гардида,тасдиқ намуданд, ки ин теракт дар Украина омода карда шудааст, изҳор дошт ба рӯзноманигорон иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сарвари ҷумҳурӣ Дмитрий Трапезников.

Мушовири  Захарченко Александр Казаков ба  РИА Новости гуфт, ки таркиш дар қаҳвахона теракт мебошад ва воситаи таркиш дар он ҷо пешакӣ гузошта шуда будааст. Гумонбарони куштор дастгир гардидаанд.

Дар Москва низ  куштори савари ҶХД  Александра Захарченкоро амали террористӣ медонанд. Президенти  Русия Владимир Путин пас аз чанд соати куштори Захарченко бо изҳоротнома баромад карда, сарвари Донескро «пешвои ҳаққони халқӣ,  бошуҷоату ватандӯсти Донеск номид.

Сарвари худэълонкардаи Ҷумҳурии Халқии Донеск Александр Владимирович Захарченко  26 июни соли  1976 дар шаҳри Донеск  (Украина) тавлид шудааст. Техникуми автоматикаи саноатии Донескро бо ихтисоси «электромеханики кӯҳӣ» аъло хатм кардааст. Моҳи майи соли 2014 аввал коменданти ҳарбии Донеск ва баъдан мовини вазири корҳои дохилии ҶХД таъин гардидааст.

8 августи соли  2014 года дар Шӯрои вазирони ҶХД Александр Захарченко сарвазири Ҷумҳурии Халқии Донеск тасдиқ шуд. 2 ноябри соли 2014 ӯ сарвари  Ҷумҳурии Халқии худэълонкардаи Донеск интихоб гардида, расман аз 4 ноябр ба иҷрои вазифа шуруъ кард.

Александр Захарченко оиладор ва падари се писар мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *