Куштори ҳамсар ба хотири ҳамхобагӣ
Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сокини 42-солаи ин ноҳия Фаррух Халифаевро бо ҷурми куштори ҳамсараш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Аммо хонаводаи Арӯс Раззоқова мегӯянд, ки бо ин ҳукм розӣ нестанд ва барои домод ҷазои сангинтар талаб доранд. Ҳодисаи куштори Арӯс Раззоқоваи 32-сола ва модари чаҳор фарзанд 18-уми июни имсол рух дод.
Солҳои охир қатли зану шавҳар ба дасти якдигар дар минтақаҳои Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз ин ҳодисаҳо дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми мардум сурат гирифта, баҳонаи чунин бархӯрд асосан бевафоиву рашк ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.
Шарм ҳам шавад, мегӯям. Ҳамон шаб ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ рафта будем. Шавҳараш хоҳиши ҳамхоба шуданро мекунад. Вале хоҳарам ба далели онки дар хонаи дигар меҳмонҳо ҳастанд, рад менамояд…
Халифаев дар мурофиа чӣ гуфт?
Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқу баррасии парвандаи Халифаев аз рӯи моддаи «одамкушӣ» тақрибан чаҳор моҳ идома кард. «Ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуд ва тарафҳо то даҳ рӯз ҳақ доранд, ки аз рӯи он ба зинҳаои болоии додгоҳ шикоят кунанд», — афзуд ӯ.
Дар аввал гуфта мешуд, ки қатли Арӯс Раззоқова дар пайи овозаи хиёнат ва рашки шавҳар сурат гирифтааст. Аммо манбаи мо дар Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, «Фаррух Халифаев дар мурофиа иқрор кард, ки баъди радди ҳамхобагӣ ҳамсарашро зада, баъдан бо корд куштааст.»
«Шарм ҳам шавад, мегӯям»
Хонаводаи Арӯс Раззоқова низ ба ҳамин фарзияи куштори духтарашон пойфишорӣ доранд. Нигина Раззоқова, хоҳари калонии Арӯс Раззоқова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби 17 ба 18-уми июн, ки ҳодиса иттифоқ афтод, ӯ дар хонаи хоҳараш меҳмон буд.
«Шарм ҳам шавад, мегӯям. Ҳамон шаб ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ рафта будем. Шавҳараш хоҳиши ҳамхоба шуданро мекунад, вале хоҳарам ба далели онки дар хонаи дигар меҳмонҳо ҳастанд, рад менамояд. Аввал бо як мушт зада беҳуш мекунад ва сипас ба баданаш корд мезанад. Ҳамаи ҳодиса дар як муддати кӯтоҳ сурат гирифтааст. Вақте ба хонаи хоби онҳо даромадам, хоҳарам аллакай оғуштаи хун буд», — нақл кард Нигина Раззоқова.
Ӯ гуфт, онҳо аз додгоҳ талаб доранд, ки Фаррух Халифаеаро ҳадди ақал ба бист соли зиндон маҳкум кунад ва бо чунин даъво аризаи шикоятӣ навиштааст.
Бознашр аз «Озодӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ