“Куштори кӯдакони тоҷикро бас кунед!”. Гирдиҳамоӣ дар Берлин

Гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон 22 сентябри соли равон дар назди сафорати Қирғизистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии эътирозӣ доир кардаанд.

Дар аксу видео дида мешавад, ки дар назди сафорати Қирғизистон дар Берлин ҳудуди 20 нафар гирди ҳам омадаанд. Эътирозгарон бо худ аксҳои қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро оварда, шиорҳоеро, ба мисли “Куштори кӯдакони тоҷикро бас кунед” баланд карда буданд.

Ин нахустин гирдиҳамоии эътирозии зодагони Тоҷикистон дар хориҷ аст, ки он дар пайи муноқишаи ахири марзи ду кишвар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *