Куштори навбатӣ дар Конибодом
Дар шаҳри Конибодом боз ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуд. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри гузорише дар ин бора хабар дод.
Зикр мешавад, ки кормандони милитсияи шаҳри Конибодом 2-юми июни соли 2024 дар кӯчаи Бобокалонов як ҷинояти одамкуширо ошкор кардаанд. Гумонбар Фаридун Абророви 41-сола, сокини шаҳри Конибодом падараш Қосим Абророви 76-соларо ба қатл расонидааст.
Дар навор гумонбар дар даст завлона ба ҷинояти кардааш иқрор шуда, мегӯяд, ки “маст будам ва намедонам як ё ду корд задам. Падарам гуфт хуни дастонатро шуста биё. Ман то омадани мошини Ёрии таъҷилӣ бо падарам гап зада нишастам, то хобаш набарад”.
Таъкид мешавад, ки Фаридун Аброров дар пайи муноқишаи оилавӣ падарашро бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.
Айни ҳол нисбати Фаридун Аброров тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ парванда оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи март то имрӯз танҳо бо ҳисоби мақомот 5 куштори оилавӣ дар шаҳри Конибодом рух дод, ки дар натиҷа 15 нафар кушта шуданд. Кушторҳои падарпайи оилавӣ дар шаҳр ва ошкор нашудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин мардумро ҳаросзада кардааст. Мақомоти кишвар то ҳол дар мавриди кушторҳои мармуз шарҳе надодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ