Куштори ноболиғ дар Қумоқи Панҷакент

Шоми 18 июл дар деҳаи Қумоқи ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии Панҷакент Мафтунаи Фатҳулло, хонандаи синфи 7-уми мактаби №59 Баҳрулло Қурбонови 7-соларо бо чанд зарбаи корд куштааст.

Сокинони деҳа  сабаби кушторро дар рафтори Баҳрулло,ки ҳамдеҳаи худро дар куча “дузд” гуфтааст, медонанд. Аз рӯи гуфтаи онҳо, ин духтар чанде қабл аз тарафи як ҳамсояаашон барои гирифтани маблағ аз хонаи ӯ гумонбар дониста шуда будааст. Вақте, ки Баҳруллои 7 сола ӯро дар куча “дузд” мегӯяд, Мафтуна корди дар дасти ӯ бударо гирифта ба бадани ин писарбача 6 маротиба задааст,ки дар натиҷа Баҳрулло ба ҳалокат расидааст.  Айни замон Шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД дар ш. Панҷакент Мафтунаро боздошт кардааст ва тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *