Куштори сардори Раёсати дидбонии ВКД
Дар шаҳри Тошканд сардори Раёсати дидбонию ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон Дилшод Акрамов кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иттилоъ доданд.
Шахси ношиносе ба коргоҳи Акрамов дохил шуда, ӯро бо корд задааст. Ҳамлагар тавонистааст аз маҳалли ҳодиса ғайб занад. Пулиси Ӯзбекистон мегӯяд, эҳтимол аст, қотил корманди расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад.
Додситонии Тошканд дар робита ба ин куштор бо банди «Қатли барқасдона» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар Раёсати корҳои дохилии пойтахти Ӯзбекистон гуфтанд, ки парвандаи қатли Акрамов дар ихтиёри Додситонии кулли ин кишвар қарор дорад.
Акрамов ибтидои моҳи июли соли равон сардори Раёсати хадамоти дидбонию ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон таъйин шуда буд. То ин дам вай Идораи пешгирии қоидавайронкунии Раёсати пулиси Тошкандро раҳбарӣ мекард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ