Куштори ваҳшиёна дар таҳхонаи «Шаббода»

Сокини ноҳияи Айнӣ Алишер Хӯҷаев, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, бо мақсади тасарруфи манзили Елена Михалченко, ин зани 49-соларо дар зимистон 7 шабонарӯз тани урён, бо дасту пои баста ва бидуни ғизо дар таҳхонаи ошхонаи «Шаббода” дар роҳи Душанбе — Хуҷанд нигоҳ доштааст. Михалченко ба ин азияти шадид тоб наоварда, ҷон додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани як ҷинояти мудҳиши одамкушӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар дод. Сокини деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ Алишер Аллаёрович Хӯҷаев, соли таваллудаш 1980, ки қаблан барои ҷиноятҳое, чун дуздиву ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва харидуфурӯши одам маҳкум ба зиндон шуда буд, ин бор барои куштор боздошт шудааст.

Дар гузориши нашршуда дар барномаи телевизионии «Сипар” гуфта мешавад, ки ҷазои ҷинояткорон пеш аз ҳама бо мақсади ислоҳи ӯст, вале нафароне ки ба ҷинояткорӣ одат кардаанд, оқибати кирдори худро намеандешанд ва даст задан ба ҷиноят барояшон ба як амали муқаррарӣ табдил меёбад. Яке аз чунин афрод, ба гуфтаи Акбар Шарипов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, Алишер Хӯҷаев, сокини деҳаи Анзоби ноҳияи Айнист, ки алакай барои дуздиву ғоратгарӣ, харидуфурӯши одамон ва тамаъҷӯӣ суд шуда ва ин дафъа даст ба куштор задааст.Алишер Хӯҷаев ҳоло ба қатли сокини Душанбе Михалченко Елена Анатолевна, соли таваллудаш 1968 айбдор мешавад.Акбар Шарипов дар гузоришаш мегӯяд, Алишер Хӯҷаев бо мақсади соҳиб шудан ба манзили истиқоматии Елена Михалченко, ӯро бо ваъдаи ҷои кори даромадаш хуб ба ноҳияи Айнӣ даъват мекунад ва дар ошхонаи «Шаббода”, ки дар километри 104-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати Фондарё ба иҷора гирифта буд, ҳамчун коргузор — маъмур ба кор мегирад.Баъди муддате Хӯҷаев Михалченкоро айбдор мекунад, ки аз вай қарздор шудааст. Тафтишот мегӯяд, ҳадафи ин фишорҳо аз ҷониби Хӯҷаев ба даст овардани манзили якҳуҷрагии Михалченко дар кӯчаи Аҳмади Дониш дар маркази Душанбе буд.

Акбар Шарипов дар гузоришаш мегӯяд: «Гумонбар Алишер Хӯҷаев бо баҳонаи рӯёндани маблағи қарз аз усули ҷазодиҳии ҷисмонӣ истифода бурда, баъди латукӯб моҳи январи соли 2016 ҷабрдидаро дар ҳолати урён ва дасту пояшро бо арғамчин баста дар таҳхонаи ошхонаи «Шаббода” давоми 7 шабонарӯз бе ғизо ба ҳоли худ мегузорад. Оқибат дар пайи азияти шадиди ҷисмониву равонӣ Елена Михалченко ба ҳалокат расид.”Алишер Хӯҷаев рӯзи 7 январ бо мақсади аз байн бурдани изи ҷинояташ ҷасадро ба доманакӯҳҳои деҳаи Чоре оварда, мегӯронад ва дар байни кормандони ошхонааш овоза мекунад, ки гӯё Елена Михалченко аз сабаби қарздорӣ ба самти номаълум фирор кардааст.Алишер Хӯҷаев дар ин гузориш мегӯяд: «Баъди мурданаш гирифтем, бурдем, гӯр кардем дар роҳи Айнӣ. Ҷасадро шустем, печондем дар як одеяло ва бо мошини худам оварда, зери хок кардам.”Ба зидди Алишер Хӯҷаев бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба ӯ то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *