Куштори зан баъди зиндагии якҷояи 27-сола
Маркази матбуоти РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи телевизионии «Милитсия хабар медиҳад” дар шабакаи маҳаллии СМ-1 ҷузъиёти ду куштори мудҳиши хонаводагиро ошкор кард.
Дар як маврид сокини 50-солаи Конибодом аз ғояти рашк ҳамсарашро кушта ва дар мавриди дуюм сокини ҷамоати Қалъачаи калон дар Истаравшан келини худро бераҳмона бо табар ба ҳалокат расондааст.Акбар Шарипов, сухангӯи РВКД вилояти Суғд мегӯяд, дар ҷамоати Ортиқови Конибодом марди 50-солае аз ҳиссияти рашк ҳамсари 46-солаашро дар ҳоле бо корд кушт, ки онҳо 27 сол зиндагии муштарак ва се фарзанди баркамол доштанд. Ин куштори мудҳиш рӯзи 5 феврал рух додааст.»Хеле дарднок аст, ки баъди ин қадар солҳои зиндагии муштарак, зану шавҳар хушбахтии оилавии худро ҳифз накарда, дар талаби марги якдигар шаванд,” – мегӯяд Акбар Шарипов.Каримов Тоҳирхон Ғаниевич, соли таваллудаш 1969, сокини кӯчаи Сотиволдиеви ҷамоати ба номи Ғафур Ортиқови Конибодом, ҳамсараш Каримова Мавҷуда Иброҳимовнаро бо се зарбаи корд ба қисмати дилаш ба ҳалокат расондааст.Ба гуфтаи тафтишот, он рӯз дар хона танҳо зану шавҳар ҳузур доштаанд. Тоҳирхон Каримов дар телефони ҳамсараш мукотиба бо нафари ношиносеро дода, аз ҳиссиёти рашк ба ҳамсараш дарафтодааст.Худи ӯ ҳодисаро чунин нақл мекунад: «Ман гуфтам, ки ин сабтҳоро ба духтарат нишон медиҳам, ба хоҳаронат нишон медиҳам. То охир исбот мекунам. Ба кӣ навишта бошӣ, мегӯӣ, гуфтам ба вай. Ҳамсарам гуфт, ки шумо безор кардед, ман ба кӣ менависам?”Тоҳирхон Каримов дар ошхона ҳамсарашро зада, аз по афтонда, сипас бо корд ба вай ҳамла кард. Зани оғӯштаи хун барои наҷоти ҷонаш тавонистааст ягон 10-15 метр фирор кунад, вале мадорашро аз даст додааст ва дар саҳни ҳавлӣ афтода, ҷон бохтааст.Ҳоло ба зидди Тоҳирхон Каримов бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.Ҳамин тавр, рӯзи 14 феврал дар ҷамоати Қалъачаи калони Истаравшан Пӯлодов Исматулло Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1967, дар ҷараёни як муноқишаи оилавӣ келинаш Хуршедаи Ҳомид, соли таваллудаш 1991-ро, ки як кӯдаки 5-сола дошт, бо як шеваи бераҳмона бо табар куштааст.Шавҳари Хуршеда соли 2015 дар як садамаи нақлиётӣ аз олам чашм пӯшид, вале Хуршеда бо ин вуҷуд дар хонаи хусуру хушдоманаш монд.Исматулло Пӯлодов дар ин гузориш мегӯяд, ки келинаш нисбат ба онҳо беҳурматӣ мекард ва ӯ дар сари қаҳру ҷаҳл даст ба қатли ин ҷавонзан зад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ