Лағви расмии низоми раводид байни Эрону Тоҷикистон

Ҳайати вазирони Эрон номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ кард.

Дар асоси ин номаи тасвиб, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шудааст, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад.

Дар ҳамин ҳол, Эрон низоми раводидро бо шартҳои зерин лағв кардааст:

— давомнокии будубош: 30 рӯз;

— намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;

— масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;

— шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон;

Таъкид мегардад, ки танҳо баъди ба анҷом расидани масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, рӯзи ба иҷро даромадани лағви низоми раводид муайян ва бо мактуби расмӣ ҷониби Тоҷикистон огоҳ карда мешавад.

Ба иттилои Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз дар замони зинда будани раисиҷумҳури қаблӣ Иброҳим Раисӣ номаи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эронро ба имзо расонидааст. Аммо аз сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш бо марҳум Иброҳим Раисӣ ин масъала то рӯзи 1-уми июл ба таъхир афтод.

Аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло вазоратҳои корҳои хориҷаи Эрону Тоҷикистон масъалаҳои муқаддамотии иҷроро баррасӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *