лаҳзаҳои ногувор

“Лаҳзаҳои ногувор” дар бораи дониши духтурон гуфт

Ҳунармандони гурӯҳи овозадори “Лаҳзаҳои гуворо” Насриддини Нуриддин ва Гулбибӣ Абдулхайрова дар доираи барномаи “Лаҳзаҳои ногувор” саҳнаи навашонро бо номи “Мо гов надорем” нашр карданд.

Дар аввали саҳна дида мешавад, ки зани хонадон ба шавҳараш дар бораи алаф нахӯрдани говашон шикоят мекунад. Пасон ба фикре меоянд, ки духтури одамро барои говашон оранд. Бо вуҷуди он ки духтури деҳа мегӯяд бойтор нест, вале зани хонадон якравӣ карда, ӯро ба хонааш мебарад.

Духтур пас аз “ташхис”-и зиёд аз оғилхона мебарояд ва аввал соҳибони хонаро чанде барои ташвишу воҳимаҳояшон сиёсат мекунад ва пасон хабар медиҳад, ки говашон наздики таваллуд кардан аст. Вале соҳибони хона мегӯянд, ки мо гов надорем, балки он моле, ки шумо дар оғилхона “ташхис” кардед, буққа аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *