Лаҷоми ронандаҳои таксӣ дар дасти кист?
Душанбе тайи ду соли охир бо омадани шумораи зиёди “мошинҳои сабз”-и хитоӣ (элетромобилҳо) боз ҳам сабзтар мегардад. Тавре омор шаҳодат медиҳад, соли сипаришуда зиёда аз 8 ҳазор худрави барқӣ ва танҳо дар ним соли равон анақариб 5 ҳазор мошини сабз ба кишавар ворид гардидааст, ки қисмати зиёди онҳо ҳамчун таксӣ фаъолият мекунанд. Аммо…
Ҳар киро табъашу дави аспаш?
… Рӯзи 4-уми ноябр, вақте ки аз кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Саъдӣ ҳаракат мекардам, бемуҳобот шоҳиди парвози “ракетаи заминӣ” гардидам. Аз паҳлуи мошини мо, ки бо суръати 45-50 км/соат ҳаракат мекард, “сабзмошине” бо суръати баланд гузашт (тақрибан 100-110 км/соат) ва ронандагони дигар мошинҳо аз тарси бархӯрд бо он суръати ҳаркати худро боз ҳам пасттар мекарданд. Ронандаи ин мошин, ки шояд худро “шоҳи роҳ” меҳисобид, анқариб дар пиёдагузар ду нафарро зери чарх мегирифт, вале ба қавле “Худо инояте карду” онҳо сари вақт худро канор гирифтанд. Вагарна, ҳодисаи нохуше дар пеши назарамон рух медод…
Тавре борҳо шоҳид шудаем, ронандагони таксӣ ба пиёдагардон роҳ намедиҳанд. Ин ҳолат на танҳо хатарнок аст, балки ҳуқуқвайронкунӣ буда, амнияти пиёдагардонро зери хатар мегузорад ва нисбати онҳо беэҳтиромӣ ҳисобида мешавад.
Он чӣ, ки ронандагони таксӣ риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба назар намегиранду новобаста ба дурбинҳои назоратӣ, онҳоро поймол мекунанд, дар Душанбе аксиома аст. Агар каме ба мавҷи ҳаракати мошинҳо дар дилхоҳ чорроҳаи пойтахт назорат кунед, дар як муддати кӯтоҳ ба чандин қоидавайронкунии онҳо шоҳид мегардед. Охир худи омори он, ки дар байни ширкаткунандагони ҳаркат дар роҳ (мошину автобусҳо, мотосиклу мошинҳои боркаш ва ғайра) таксиҳо 7,3 маротиба бештар сабабгори садама ва ё худ гирифтори садама мешаванд, баёнгари ҳол аст!
… Субҳи рӯзе, ки маводи мазкур омодаи чоп мегардид, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои боз як садама ба нашр расид, ки дар дарвозаи Ҳисор бо иштироки таксӣ сурат гирифта буд. Ин бор бе марг, вале бо ҷароҳатҳои сахти мусофиру ронанда анҷом ёфт, аммо то кай чунин “кӯзаҳо ба лаби об ношикаста” рафта меоянд?
Албатта, шиори “Ҳар кию дави аспаш” ҳоло махсусан дар байни ронандагони таксӣ маъмул аст ва аксари онҳо аз рӯи он амал мекунанд, аммо кист, ки аз лаҷоми ин “аспҳои даванд” кашаду гӯяд: “Ҳой лаҷомгусастаҳо, ин ҷо шаҳр аст, на майдони пойга! Садди роҳи онҳо кӣ мешавад, БДА, шаҳрдорӣ ва ё каси дигар?
Тараҳҳум бар палонги тездандон,
Ҷафокорӣ бувад бар гӯсфандон.
Надонед, меомӯзонем, нахоҳед…
“Одоби ронандагиро аз кӣ омӯхтӣ, аз ронандаи таксии Душанбе…”. Дарвоқеъ, агар он коре, ки ин таксиҳои шаҳр мекунанд, ба худ раво набинӣ, ҳам ронандаи боодоб мешавию ҳам шаҳрванди ватандӯст. Барои ин, он чӣ, ки эшон мекунанд, аз он бояд ҳазар кард. Яъне дар рафти мошин аз тирезаи он набояд буталҳои пласмасӣ ва дигар партовҳоро партофту носи таги забонро вақти дар назди чароғак расидан туф кард, балки ба қоидаҳои шаҳрдорию шаҳрзистӣ риоя намуда, дар сари чамбарак аз кашидани он парҳез бояд намуд. Дар ҳар куҷое хоҳанд, мусофир фароранду мусофир гиранд ва ҳамчунин фаровези даҳони худро сар надиҳанд…
Барои чунин ронандагони бетарбия бояд аз сари нав “Алифбои” одобро омӯзонд ва ё мисли давраи Шӯравӣ аз онҳо талаб намуд, ки “Кодекси ронандаи таксӣ”-ро (агар чунин кодексро шаҳрдорӣ қабул кунад) аз “а” то “я” азбар кунанду пас аз ин ба сари чамбарак нишинанд. Дар ҳолати содир намудани рафтори ғайри қобили қабул ва нодурусту муносибати дурушт бо мусофир ҷаримаи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад ва агар такрор ёбад, барои аз кор рондани чунин ронанда санад пешниҳод гардад. Ҷорӣ намудани низоми ҷаримаҳои сахт барои партофтани партов аз мошин зарур аст, зеро ронандагони мо танҳо зарба ба ҳамёнро қабул доранд.
Абдумудассир АҲМАДЗОДА,
рӯзноманигор
Аз идора:
Гузориши мазкур нишон медиҳад, ки вазъи хизматрасонии таксӣ дар Душанбе бо чолишҳои ҷиддии марбут ба риояи қоидаҳои ҳаракат, одобу муносибати ронандагон ва амнияти мусофирон рӯ ба рӯст. Бо вуҷуди ворид шудани теъдоди зиёди таксиҳои нав, бахусус электромобилҳо, мушкилоти техникиву ахлоқӣ, аз қабили бетаҷрибагии ронандагон, риоя накардани қоидаҳо ва набудани маданияти муносибат бо мусофирон ва пиёдагардон ба таври васеъ мушоҳида мешавад. Гузашта аз ин, садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки таксиҳо назар ба дигар воситаҳои нақлиёт ба маротиб бештар мебошад. Дар ин росто, амали номуназзами баъзе ронандагони таксӣ хатари ҷиддӣ барои аҳолии шаҳр ва пешрафти низоми нақлиётӣ дорад.
Пешниҳодҳо:
1. Таъсиси гурӯҳҳои махсуси назоратӣ: Таъсиси гурӯҳҳои махсуси назоратӣ аз тарафи мақомоти амнияти роҳ (БДА) метавонад барои назорат ва риояи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагони таксӣ таъсиргузор бошад.
2. Ҷорӣ намудани санҷишҳои қатъии амалии ронандагӣ: Санҷиши амалии малакаҳои ронандагӣ ва муносибат бо мусофирон бояд ҳатмӣ шавад, то ки ронандагон аз тарзи дурусти хизматрасонӣ огоҳ бошанд.
3. Сохтани низоми рейтинг ва баҳогузорӣ: Барои ташвиқ ба хизматрасонии хуб, ҷорӣ намудани низоми рейтинг ва баҳо додан аз ҷониби мусофирон барои ронандагон, ки метавонад сабаби коҳиши ҳолатҳои бадмуомилагӣ гардад.
4. Таъсиси курсҳои омӯзишии махсус барои ронандагон: Таъсиси курсҳои таълимӣ оид ба маданияти ронандагӣ, муносибати эҳтиромомез бо мусофирон ва ҳифзи муҳити зист дар байни ронандагон метавонад барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ кумак расонад.
5. Ҷорӣ намудани ҷаримаҳои баланд барои қоидавайронкунӣ: Ҷорӣ кардани ҷаримаҳои баланди моддӣ барои партофтани партовҳо ва дигар қоидавайронкуниҳо, ки метавонад ронандагонро водор кунад, ки одоби ронандагиро риоя кунанд.
Татбиқи ин тадбирҳо на танҳо сифати хизматрасонии таксиро баланд мебардорад, балки барои муҳити бехатар ва тозаи шаҳр мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ