«ЛАБИ ДАРЁ» суруде, ки чандин ҳунармандро соҳиби хона кард

Моҳи майи соли 1995 пешвои исмоилиёни дунё Аълоҳазрат Шоҳзода Карим — Оғохони IV бори нахуст ба Тоҷикистон омад. Ба шарафи меҳмон дар «Кохи Борбад» консерти калони ҳунармандони варзидаи мамлакат баргузор гардид.
Дар ин барнома Ансамбли фолклорӣ этнографии «Ганҷина» таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов суруди «Лаби дарё» (бо рақсаш, 6+6)-ро иҷро кард.

NO… «ЛАБИ ДАРЁ!!!»

Аз миён ду сол зиёдтар сипарӣ гашт. Моҳи сентябри соли 1997 аз Фаронса ба унвони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ номае расид. Он даъватномае буд, аз номи Оғохони IV бобати иштироки дастаи ҳунарӣ аз Тоҷикистон дар чорабинии фарҳангие дар шаҳри Париж.
Вазорати фарҳанг ансамбли «Лола»-ро муваззаф намуд, ки ба ин сафар омодагӣ бубинад. Ҳунармандони ансамбл бо дилхушии зиёд беш аз як моҳ тамрин намуда, барномаи мукаммали консертӣ омода карданд.
То рӯзи муқарраргардида 20-25 рӯз монда буд, ки аз Фаронса намояндаи Оғохони IV ҷаноби Паскал (тарҷумони он ҷониб) ба Душанбе омад. Ӯро ба машқгоҳи ансамбли «Лола» бурданд, Пас аз тамошо ӯ бо аломати инкор, норозиёна сар ҷунбонда, садо кард: «no, no… «Лаби дарё!!!»…
Сабзаалӣ, ҳунарманди огоҳ, хандида гуфт, ки ин сурудро акаи Чилахон месарояд…
Мутасаддиён дар шигифт монданд. Табъи ҷаноби Паскал низ хира гашт. Онҳо баҳри дарёфти «Лаби дарё» роҳи Филармонияи давлатии Тоҷикистон (воқеъ дар бинои «Кохи Борбад»)-ро пеш гирифтанд. Ворид шудан замон ба машқгоҳ ҷаноби Паскал Чилахонро дида хандон шуд (ҳофизро аз соли 1995 дар хотир дошт) ва аз ғояти фараҳ бонг бардошт: «Вот он, вот… «Лаби дарё»…

РӮ БА ФАРҲАНГ

Миёнаҳои моҳи ноябри соли 1997 ҳунармандони тоҷик дар ҳайати Чилахон Холов, Зафар Нозимов, Муродбек Насриддинов, Амон Мӯсоев (сарбалетмейстер), Зебо Ризоева (сароянда), Абдураҳмон Мадхолов (тори қошғарӣ), Давлат Одинаев (най), Музаффар Шарифов (тори бадахшӣ), Ҳасан Ғафуров (дутор-бас), Қузрат Муродов (таблак), Покиза, Насрина, Аслия (овозхонҳо), Давлатмоҳ, Олмахон, Фирӯза, Санавбар, Шаҳло, Шаҳодат (раққосаҳо)… Ва намояндаҳо Хушназар Майбалиев, Аҳрор Ҷалолов (аз вазорат), Маҳмадулло Муминов (милиса), ҷавони тарҷумон (аз Русия)… аз Душанбе ба Москва парвоз намуда, шабро дар меҳмонхонаи «Россия» рӯз карданд. Субҳи дигар дар Париж ҳунармандонро дар майдони ҳавоӣ хуш истиқбол гирифта, ба қароргоҳи Оғохони IV бурданд. Ва дар меҳмонхонаи қашанги аълоҳазрат ҷо ба ҷо карданд.
Дар Париж маълум шуд, ки дар ин чорабинӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Малайзия, Кения, Шри — Ланка, Индонезия, Покистон (ду даста) ҳунармандон ҳузур доштанд.
Ҳама пайи тамрин, дар такопӯ афтоданд.
Он рӯзҳо воқеае ҳамагонро моту мабҳут кард. Мизбонон маҳз барои ҳамин маърака дар зарфи 4-5 рӯз, дар майдони васеъ болои сабзазор, дар ҳавои кушод барои 700 ҷойи нишаст толори қашанге, бо тамоми шароит рост карданд.
Ансамбли «Ганҷина» ба мутасаддиён барномаи хешро пешкаш карданӣ шуданд (дар ҳаҷми 1 соату 20 дақиқа). Аммо, бо дидани 3-4 суруд онҳоро қарор доданд. Боз ҳамон ибораи ошно садо дод: «no, no… «Лаби дарё»…
Ба онҳо бори дигар хушрӯ фаҳмонданд, ки барои шумо буду шуд 5 дақиқа вақт ҷудо шудааст ва он ҳам барои суруди «Лаби дарё»…

ДИДОР БО АЪЛОҲАЗРАТ

Аз рӯи нақша ҳайати Тоҷикистон дар барнома 6-ум буд. Аммо, як рӯз қабл, ҳини тамрини дастаҳо Оғохони IV барномаро пурра тамошо карда, ба режиссёр фаҳмонд, ки навбати Тоҷикистонро ба қисмати ҷамъбастии чорабинӣ (ба ҷойи ҳунармандони Ҳиндустон) гузаронанд…
Рӯзи 5-уми сафар Оғохони IV намояндагони давлатҳои иштирокчиро алоҳида-алоҳида (аз ҳар давлат 1 нафар) ба ҳузур пазируфт. Роҳбарии ҳайати ҳунармандони тоҷикро, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов ба зимма дошт, ба ин мулоқот мушарраф гардид. Чилахон аз номи ҳайати Тоҷикистон ба аълоҳазрат тоқии чакан, ҷома ва миёнбанд пӯшонд…
Лаҳзаи муколама мизбон изҳор намуд, ҳини сафари нахустин ба Тоҷикистон (соли 1995), дар консерте, ки дар «Кохи Борбад» тамошо карда буданд, суруди «Лаби дарё»-ро писандиданд. «Фитаи он консерт то ҳол маҳфуз аст. Барои ин маърака суруди «Лаби дарё»-ро шахсан интихоб намуда, иштироки шуморо тақозо намудем»,- афзуданд бо эҳтиром мизбон…

МУКОФОТИ АМАЛ

Рӯзи асосии чорабинӣ санъаткорон аз 9 мамлакати дунё ҳунарнамоӣ намуданд. Консерти ёдмоне доир шуд. Маърака бо суруди дилангези «Лаби дарё»-и Чилахон Холов ва рақси духтарони ансамбли «Ганҷина» хотима ёфт. Ҳини садо додани оҳанги марғуб толор дар нишот шуд.
Аз гӯшаву канори толор садои «Браво… «Лаби дарё!», браво «Лаби дарё!»… садо медод.
Шоёни зикр аст, ки ба бӯи «Лаби дарё» ҳайати ансамбли «Ганҷина» тӯли 8 рӯз дар Фаронса буданд. Онҳо шаҳри зебову афсонавӣ, маликаи шаҳрҳои олам Парижро тамошо карданд. Мизбонон низ онҳоро бенасиб намонданд. Ҳар рӯз, барои ҳар яке дар ҳуҷраи хоб аз номи Оғохони IV туҳфае мемонданд.
Ҳини хушбошӣ маъракадорон ба ҳар як иштирокчӣ 600 (+400 доллар аз номи бонуи солманди ин авлод, ки бо ҳунармандони тоҷик вохӯрӣ ва лутф зоҳир намуданд), 1000 — долларӣ ҳақмузд доданд. Аз ин подош ҳама хурсанд буданду шодон. Баъд аз як ҳафтаи бозгашт намояндаи фонди Оғохони IV дар шаҳри Душанбе ба ҳар як иштирокчии чорабинии фавқуззикр боз 200 — долларӣ тақдим кард…

ЭПИЛОГ

Шояд азизе пурсад, ки мурод аз ин гуфтаҳо дар чист? Посух чунин аст. Он замон, возеҳтараш соли 1997, дар шаҳри Душанбе бо 600-700 доллари амрикоӣ кас соҳиби сарпаноҳе – ҳуҷрае (ду ё ҳатто сеҳуҷрагӣ) мешуд. Ҳамин сон, қисмате аз ҳунармандони ҳамсафар соҳиби манзил шуда, чанде дигар шароити зисти хешро беҳтар намуданд…
Хуллас, ба бузургии ҳунар ва истеъдоди сарояндаи хушзавқи тоҷик қоил бояд шуд. Бубинед, як таронаи мардумии «Лаби дарё» дар иҷрои Чилахон Холов 26 нафар (20+6)-ро ба Фаронса бурду соҳиби 1200 — долларӣ гардонд, ки аз он ҳама хушнуд гаштанду шодмон ва ҳам соҳиби хонаву дари ободон…
Боз чӣ ҳам метавон гуфт. Аҳсант ба Чилахону дастаи ҳунарии «Ганҷина»-и пешина ва садҳо офарин ба ҳунари волояшу ва ҳам суруди «Лаби дарё»-яш!

Умари ШЕРХОН,

адиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *