Лахш: Сели харобкор 300 метр роҳро шуст
Дар натиҷаи борони кӯтоҳмуддат дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш сел омадааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, сел ба чор замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонида, 300 метр роҳро шустааст. Талафоти ҷониву харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудаанд.
— Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офат ва муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Лахш фаъолият дорад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ