Лайфхак: чӣ тавр метавон ҳаҷми интернети мобилиро бештар кард
Муштариёни нав ва амалкунандаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” метавонанд ду маротиба бештар трафики интернет ба даст оранд. Барои ин, танҳо пайваст кардани тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо пардохти абонентии аз 100 сомонӣ ва зиёдтар кифоя аст.
«Биё! Бисоз Life» як тарофаи созанда мебошад, ки дар он метавонед мустақилона миқдори дақиқаҳо барои зангҳо дар дохили ҶТ ва ҳаҷми интернетро муайян намоед. Нархи минималӣ ба маблағи 49,57 сомонӣ — 50 дақиқа ба дигар шабакаҳо, 10 ГБ, белимит дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ва белимити шабонаро бо трафики интернети дорои суръати бемаҳдуд дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз муштариён хизматрасониҳои алоқаро дар ҳаҷми бештар талаб мекунанд, аз ин рӯ, дар тарофа бастаҳои дигарро — то 200 дақиқа дар дохили ҶТ ва 150 Гб трафики интернет интихоб кардан мумкин аст.
Роҳи қулайтарин барои муштариёни фаъол — идоракунии тарофа тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» мебошад. Дар саҳифаи асосӣ ба қисми «Тарофаи ман» гузашта, баъдан ифодаҳои “Дастрас” — «Сохтани тарофа» -ро интихоб кунед, дар ин бахш миқдори дақиқаҳо, гигабайтҳо, СМС-ро нишон диҳед. Нархи умумии тарофа дар сатри поёнӣ инъикос меёбад. Пас аз интихоби бастаҳои лозимӣ, танҳо тугмаи «Пайваст кардан» -ро пахш кунед.
Агар арзиши тарофаи пайвастшуда аз 100 сомонӣ зиёд бошад, муштарӣ ба таври автоматӣ иштирокчии иқдом мегардад ва +100% ба трафики интернети худ ба даст меорад. Масалан, агар 45 Гб интихоб гардад, маҳз ҳамин миқдорро ҳангоми тамом шудани бастаи асосӣ истифода бурдан мумкин аст.
Муштариёни нав метавонанд ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар толорҳои алоқа ё мағозаи интернетии ширкат тариқи интихоби тарофаҳо бо нархи 100 сомонӣ ва зиёдтар дар иқдом иштирок кунанд.
Муҳлати амали трафики бонусӣ тибқи шартҳои иқдом ба муҳлати амали тарофаи асосӣ баробар аст. Ҳамин тавр, агар маблағи тарофа 1 сентябри соли ҷорӣ гирифта шавад, трафики ба муштарӣ туҳфашуда низ то он рӯз эътибор дорад. Ҳаҷми иловагии интернет барои 6 давраи пардохт, яъне шаш моҳ пешбинӣ шудааст. Шарти асосӣ ин аст, ки тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро қатъ накунед ва ба тарофаи дигари арзишаш камтар нагузаред. Агар дар давоми 72 соат пас аз анҷоми муҳлати амали тарофа маблағи он пардохт карда нашавад, трафики иловагӣ қатъ мегардад.
“Мо барои муштариёни рақамӣ шароитҳои махсус фароҳам меорем. Даҳҳо гигабайтҳои бонусӣ барои истифодаи бемаҳдуди интернет, тамошои видео тариқи интернети мобилӣ, кору фаъолият ва муошират имкон медиҳанд. Тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро пайваст карда, имкониятҳои навро барои худ таъмин намоед!» – тавсия медиҳад Зебуниссо Эргашева, роҳбари хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ