“Лаълии паррон” дар осмони Хуҷанд: воқеъият ё тахайюл?

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон овозаи парвози лаълии паррон ё ҷирми осмониро дар осмони шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд рад кард.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон овозаи парвози лаълии паррон ё ҷирми осмониро дар осмони шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд рад кард. 

Ёдовар мешавем, ки шаби 26 ба 27 июл дар осмони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон (собиқ Чкаловск) дар шимоли Тоҷикистон сокинон гӯё як ҷирми ғайриоддии осмониро мушоҳида кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин ҷирм мисли як ҷисми кулӯлаи бузург ва нурафшон буд, вале ба Маҳтоб монанд набуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр карданд, ки чунин ҷирми осмонӣ қабл аз Хуҷанд дар осмони Бӯстон ҳам мушоҳида шудааст.

Корбарони Фейсбук менависанд, ки чунин ҷирмро дар осмони Тошканд дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ мушоҳида карда ва ҳатто ба навори видео гирифтаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин ҷирми нурафшон фарзияҳои мухталифи баъзан боварнокардание сар карда аз лаълии паррони осмонӣ (НЛО) то таркиши метеоритро матраҳ кардаанд.

Аммо Фарҳод Раҳимӣ ҳамаи фарзияҳои пайдо шудани чунин ҷирмро рад кард.  

“Ҳамарӯза даҳҳову садҳо телескопҳо кайҳонро мушоҳида мекунанд ва дар сурати пайдо шудани ягон ҷирм дар замин иттилоъи он сабт хоҳад шуд. Мушоҳида шудани ҷирми кайҳонӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд беасос аст”-гуфт вай.

Дар мавриди “Лаълии паррон” бошад Раҳимӣ гуфт, ки фарзияҳо беасос аст ва дар фазои кайҳон “Лаълии паррон” (НЛО) вуҷуд надорад. 

Фарҳод Раҳимӣ гуфт: -Аз замони пайдо шудани илми кайҳон олимони ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки ҳаётро дар сайёраҳои дигар мушоҳида намоянд. Ҳамарӯза олимон ба кайҳони боз сигнал мефиристанд, аммо то имрӯз ба ҷуз аз замин мо тамаддуни дигареро пайдо накардаем. Бинобар ин, мавҷудияти лаълии  паррон ё НЛО беасос аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *