Латофат Кенҷаева: Аллаи имрӯзи кӯдакон телефон аст
«Китоби умре, ки бе ишқ аст, касе намехонад»
Шоир, носир, ношир ва журналисти маъруфи тоҷик Латофат Кенҷаева 8-уми июн зодрӯз доштанд. Вале дар ҷавоб ба саволи “зодрӯзро чӣ гуна ҷашн гирифтед?”, он рӯзро маъмулӣ номида, қайд намуданд:
“Ягон интизорӣ аз ҷашни зодрӯз надоштам, зеро ҳар рӯзам зодрӯз аст. Соли дигар агар Худованд насиб гардонида бошад, синни мубораки 75-ро бо дӯстон ва пайвандон таҷлил мекунем.”
Маълумотнома
Латофат Кенҷаева соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шуда, шуъбаи журналистикаро бо дипломи аъло тамом кардаааст. Соли 1972 дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шуъбаи адабӣ-драмавӣ ва аз соли 1981 ба ҳайси сардабир дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» (собиқ «Машъал») кор мекунад.
Профессор Иброҳим Усмонов дар мусоҳибае гуфтааст, ки «Латофат маҷаллаи «Машъал» («Истиқбол»)-ро аз хокистар гирифта, ба оташ табдил дод!».
Латофат Кенҷаева аз зумраи адибон ва рӯзноманигорони сермаҳсули тоҷик аст, ки то имрӯз зиёда аз 40 китоби хурду бузургаш мунташир шудааст. «Лолаарӯсак», «Марҷони ранга», «Сандуқчаи марворид», «Мусича ва Дурдона», «Қофиябозӣ», «Шеърҳо», «Дар кишвари дӯстон», «Шарораи хотираҳо», «Рози шабнам», «Наҷотбахши дунё кист?», «Нома ба бародар» ва дигар китобҳои ин адиби хушбаён дар байни хонандагон шуҳрату маҳбубияти хоса доранд.
«Ҳар кӣ худро шинохт, Худоро мешиносад»
Латофат Кенҷаева бо талошу кӯшишҳои пайгирона дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти «Истиқбол»-ро таъсис дод. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин муассиса чоп ва паҳн намудани китобҳои кӯдакона буда, то имрӯз номгӯи зиёди китобҳои хубу марғубро пешкаши хонандагони хурдсоли мо гардонидааст. Вале то ба ҳол ин муассиса ба маблағгузор зарурат дорад. Латофат Кенҷаева мегӯяд, зиёда аз 60 номгӯи китоби омода дорад, аммо аз сабаби набудани маблағ ба чоп дода наметавонад. Ҳатто чандин маротиба ба соҳибкорон ва мақомотҳои дахлдор муроҷиат карда, вале дастгирӣ наёфтааст. Сабаби маблағгузор наёфтани худро адибаи маҳбуб дар он медонад, ки имрӯзҳо дар кишвари мо китобхон намондааст:
“Мо чандин маротиба ба мактабҳои Душанбе муроҷиат кардем, онҳо намехоҳанд, ки ба китобхонаашон китоби нав харидорӣ кунанд. Баҳона пеш меоранд, ки пул надорем, падару модарон барои харидани китоб пул намедиҳанд. Ҳол он ки ҳар як китобхонаи мактаб манбаъ дорад, ба онҳо аз тарафи давлат маблағ ҷудо карда мешавад. Ман намедонам ин маблағҳоро ба куҷо сарф мекунанд… Агар тоҷирони мо ба иқдоми чопи китоб даст зананд, худашон ҳам фоидаи зиёд ба даст меоранд. Чаро имрӯз соҳибкорон барои бунёди тарабхонаҳои барҳаво ё мағозаҳои калони номдор маблағ доранд, вале барои чопи як китоб, ки метавонад чандин кӯдакро аз ғоби ғафлат бедор кунад, пул ҷудо карда наметавонанд?”
Китобҳои Латофат Кенҷаева баргирифта аз рӯзгори хурдсолон аст. Дар он обуранги бадеӣ ва тасвири шоирона кам нест, ки албатта барои бедории завқи хонанда ва ҳисси зебоипарастӣ хидмат мекунад. Вале ба кӣ мегӯиву, кӣ мешунавад?
«Поктарин таҳорат — такрори номи модар аст»
Латофат Кенҷаева инсони шикастнопазир дар зиндагӣ аст. Дар яксолагӣ ятим монда, рӯи модарро дар ёд надорад. Ӯ мегӯяд чун модар надоштааст, дар раванди зиндагӣ хушдоманашро чун модар дарёфтааст.
“Дар зиндагӣ бояд барои худ беҳтарин буд. Он гоҳ беҳтаринҳо насибат мегарданд. Ман бисёр талош мекардам, то ҳам дар оила ва ҳам дар касб муваффақ шавам. Дар касб талош кардам ва дар хонаву зиндагӣ хушдоманам дастгири ман будаанд. Ин буд, ки имрӯз тавонистам модари беҳтарин барои фарзандонам бишавам. Барои модар, ҳамсар ва келини хуб будан, бояд китобхон бошӣ”, -мегӯяд ӯ.
Латофат Кенҷаева бар он назар аст, ки модарони имрӯз роҳи осони ба воя расонидани кӯдакро дар истифода аз телефон ёфтаанд:
“Имрӯз дар роҳ мебинӣ дар дасти модар телефон ва дар дасти кӯдаки дар бағалаш буда ҳам телефон аст, то гиря накунад. Метавон гуфт, ки ҷойи аллаи модарро телефон гирифтааст. Волидайни ҷавон барои фарзандашон китоб намехонанд, китоб намехаранд, зеро мегӯянд, ки пул надоранд. Вале метавонанд бо маблағи 15 ҳазор телефон харанду ба кӯдакҳояшон ҳадя диҳанд”.
Бубинед ошхонаи занони имрӯза мағозаҳо аст. Онҳо барои ҳамсаронашон ва фарзандонашон ба ошхона намераванд, балки ба “Ёвар”-у “Пайкар” мераванд. Пас, мо чӣ интизоре аз онҳо барои тарбияи кӯдак дорем?”.
«Мисли абрӯ ҳамабин бояд буд, то болонишин гардӣ»
Латофат Кенҷаева ношири зиёда аз 1 миллиону 920 ҳазор китоб аст, ки ба 9 забони дунё тарҷума гардидааст. Вобаста ба ин, қаҳрамони моро дар ҷомеа ҳамчун “зани миллионер” мешиносанд.
“Дар ҳақиқат дар ин бобат овозаҳои бисёр ҳаст. Боре рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бораи ман мақолае чоп кард бо номи «Бонуи миллионер». Онҳо албатта зиёда аз як миллион нусха китобҳои нашркардаи маро дар назар доштанд, лекин бисёриҳо гумон мекунанд, ки ман дар ҳақиқат миллионер ҳастам ва аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ ё сарпарастони хориҷӣ мо китоб нашр мекунем. Ин сирф ғалат аст.”
Ӯ мегӯяд, ки аз набудани шароит маҷбур шудааст то хонаашро дар бонк гузошта, қарз гираду китоб чоп кунад. Ва зиёда аз 25 сол аст, ки барои чопи китоб қарз мегирад. Ӯ меболад, ки барои кӯдакони тоҷик зиёда аз 50 сол хизмат кардаааст. Ҳамзамон бар он ақида аст, ки агар дар зиндагӣ бо ҳама хуб бошӣ, албатта ба ҷое мерасӣ.
“Сабр рақиби андӯҳ аст”
Ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ Латофат машқи шеър мекард. Аввал шеърҳои бачагона менавишт. Ҳамчун адиби бачаҳо шуҳрат ёфт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд. Вале баъдан барои калонсолон низ эҷод кард ва Сабрин тахаллус гирифт.
“Сабр беҳтарин неъмати фармудаи Офаридгор таст. Сабр рақиби андӯҳ аст. Сабр суханро низ дар оташи таҷриба бипазонад, ҷаззоб ва дилрасу созанда гардонад,”-мегӯяд, дар мавриди тахаллусаш.
Ҳамин сабр маҷмӯаи ғазалҳои ӯро дар 60- солагӣ ва девони таронаҳояшро дар 70- солагӣ рӯй ба хонанда бикшодааст. Латофат Кенҷаева бо сабурӣ ва иродаи қавиаш болои тамоми мушкилоти рӯзгор пирӯз омадааст…
Таҳияи
Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ