Латту кӯб кардани зан барои саркашӣ аз никоҳ
Елена Урлаева, як ҳомии ҳуқуқ аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки ҳамшираи шафқат Камола Абдуллоеваро латту кӯб кардаанд.
Ба иттилои расонаҳо, ба ҳамшираи шафқат модараш ҳамроҳ бо ду марди дигар ҳамла кардаанд. Ин зан мегӯяд, ба хотири рад кардани издивоҷ бо марди бегона латту кӯб шудааст. Камола Абдуллоева мегӯяд, ӯро маҷбур доранд, ки бо марди ношинос издивоҷ кунад.
Ҳамшираи шафқат шабона аз манзили модараш фирор, аммо издивоҷ бо марди бегонаро қабул накардааст. Ба гуфтаи вай, модараш шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташро гирифта, ба шавҳари ояндааш додааст. Дар ҳоли ҳозир Камола ҳамроҳ бо ҳомии ҳуқуқ барои ҳалли масъала ба мақомот муроҷиат кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ