Латту кӯби табиби ёрии таъҷилӣ
Дар деҳаи «Полосон»-и ноҳияи Алтиариқи Ӯзбекистон марде табиби ёрии таъҷилиро шадидан латту кӯб кард.
«3 августи соли ҷорӣ наздикони Мирзоҷалил Ҳакимов ёрии таъҷилиро даъват карданд. Наздикони Ҳакимов гуфтанд, ки вай дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад», — хабар дод маркази матбуотии вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Шуҳратҷон Сироҷиддинов, табиби навбатдор ва ҳамшираи шавқат Умидахон Ҳусанова ба расонидани ёрии тиббӣ рафанд. Ҳангоми ворид шудан ба манзили бемор, набераи ӯ табиб Сироҷиддиновро таҳқир ва латту кӯб кард. Сироҷиддинов аз зарбаҳои гирифтааш дар ҷои ҳодиса беҳуш шуд.
Сарфи назар аз ин, ҳамшираи шавқат Умидахон Ҳусанова ба манзили бемор ворид шуд, аммо ӯ аллакай мурда буд. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон барои таҳқиқи ҳодисаи латту кӯби табиб Сироҷиддинов ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ