Лату кӯби омӯзгорон навраси 15-соларо ба худкушӣ расонд
Ҷасади навраси 15-соларо дар Ӯзбекистон аз дохили канали обгузари ноҳияи Қаршини вилояти Қашқадарё пайдо карданд. Ҳодиса рӯзи 19 октябр рух дод. Модар ва ҳамдарсони наврас мегӯянд, таҳқир ва латту кӯби омӯзгорон боис шуд, ки хонанда худкушӣ кунад.
Модари хонанда гуфт, омӯзгорон ба хотири доштани телефони мобилӣ фарзанди ӯро таҳқир ва латту кӯб кардаанд.
«Ман ба пахтачинӣ машғулам. Падараш дар Русия мардикор аст. Аз ҳамин хотир телефони мобилиамро ба писарам додам, ки вай додарашро ба боғча барад. Писарам бо телефон ҳамроҳ ба мактаб рафт. Омӯзгорон ба маҳзи дидани телефон ӯро таҳқиру дашном ва латукӯб кардаанд. Вай ин таҳқирҳоро таҳаммул накарда, аз мактаб фирор ва худро ба канал партофтааст. Наҷотдиҳандагон баъдтар ҷасади ӯро аз канал берун оварданд», — гуфт модари хонанда.
Як ҳамдарси навраси ҳалокшуда нақл кард, ки шоҳиди латту кӯби ҳамдарсаш будааст.
Як омӯзгори мактаб ба шарти ифшо нашудани номаш ҳодисаи худкушии наврасро тасдиқ кард. Вай гуфт, мақомот омӯзгорони мактабро бозпурсӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ