Латукӯби табиб баъди фавти бемор
Ёқуб Дадаҷонов табиби беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзодаро пас вафоти бемори таҳти назораташ, ки зоҳиран аз COVID-19 ранҷ мебурд, ба ҳадде задаанд, ки дар шӯъбаи эҳё бистарӣ шудааст. Дар ин бора «Озодӣ» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса 20-уми июн рух додааст ва аз ҷониби мақомоти милиса таҳқиқ карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки Ёқуб Дадаҷонов, табиби ревмотологро баъди он задаанд, ки як сокини шаҳр, ки дар беморхона муолиҷа мегирифт, дар замони навбатдории ӯ фавтидааст. Тавре худи табиб аз бистари бемори Ба радиои Озодӣиттило додааст:
“Ин бемор, ки бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ буд, фавтид. Ду хешаш, ки намедонам писаронаш буданд, ё каси дигар, баъди шунидани хабари марги ӯ, якбора ба ман ва ҳамкоронам дарафтоданд. Вақте ба сарам заданд, аз ҳуш рафтам ва дигар намедонам, чӣ шуд. Ба ҳуш омадам, дар бемористон ҳастам. Дар шуъбаи эҳёи бемористони марказӣ ду рӯз нигаҳ дошта, имрӯз ба шуъбаи неврохирургия интиқол доданд”.
Ҳоло мақомоти шаҳри Турсунзода ҳолати мазкурро санҷида истодаанд.
Латукӯби табибон дар давраи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон камсобиқа аст. Дар кишварҳои дигар низ аз бадрафторӣ бо табибон дар замони пандемия гузориш шудааст. Пизишкони тоҷик, ки дар сафи пеши мубориза бо беморӣ ҳастанд, то кунун даҳҳо ҳамкори худро аз даст додаанд. Бино ба гузориши вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи апрел то кунун бештар аз 1700 табиб ва парастору дигар кормандони тиб, ба бемории СOVID-19 гирифтор шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ