Латукӯби деҳқонон аз ҷониби сардори пулис

Деҳқонони ноҳияи Қаршини вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, ки нақшаи супоридани гандумро иҷро накарданд, аз сӯи сардори пулиси ноҳия латту кӯб шуданд. Сардори пулиси ноҳия аз деҳқонон талаб кард, ки аз ноҳияҳои дигар гандум харида нақшаи супоридани онро иҷро кунанд.

Дар ҳоли ҳозир раёсати корҳои дохилии вилояти Қашқадарё санҷиши хизматиро нисбати сардори пулиси ноҳияи Қаршин Ҷаҳонгир Раҷабов шуруъ кардааст.

«Ман ва ду деҳқони дигарро, ки бо расонаҳо дар бораи латту кӯб шуданамон суҳбат кардем, ба маҳалла даъват карданд. Мо ба намояндагони раёсати корҳои дохилии вилоят латту кӯб шуданамонро нақл кардем. Аз мо хостанд, ариза нависем», — гуфт Раҳматулло Хоҷамуродов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Абдуғафуров Муҳаммад».

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки Раҷабов ҳам ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Деҳқонони ноҳияи Қаршини Ӯзбекистон пештар аз ин хабар доданд, ки бино бар сабаби хушксолӣ натавонистанд нақшаи ҷамъоварии гандумро иҷро кунанд. Ҷаҳонгир Раҷабов, сардори пулиси ноҳияи мазкур ба далели иҷро нашудани нақша чанде аз деҳқононро латту кӯб кард.

«Вақте деҳқонон хостанд, сабаби иҷро нашудани нақшаро шарҳ диҳанд, сардори пулис ҳамаро бо шаппотӣ зад. Ба гӯшҳоямон зад, бо ду дасташ шаппотӣ мезад», — гуфт Раҳматулло Хоҷамуродов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *