Латукӯби ноболиғ

Бино ба маълумоти ВКД ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 47-солаи сокини деҳаи Обчакорони ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми июни соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, шахсони номаълум писари ноболиғи 16-солааш, хонандаи синфи 9-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро лату кӯб карда, бо корди дар дасташон буда 5-маротиба ба узвҳои баданаш задаанд.

Дар натиҷа ноболиғи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ду рафиқаш содир намудаанд.
Ноболиғи гумонбар дар расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардида, барои дастгир намудани рафиқонаш чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *