Латукӯби зани ҳомила аз ҷониби милиса

Як зани ҳомилаи 24-сола аз ноҳияи Китоби Ӯзбекистон шикоят дорад, ки ӯро милисае латтукӯб кардааст. Ин занро дар бемористон бистарӣ карданд. Додситонӣ ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Латофат Раҳимоваи ҳомила мегӯяд, рӯзи 1 июн, замоне, ки бо волидонаш ба мақомоти интизомӣ муроҷиат карда буд, латту кӯб шуд.

«Дар ибтидо посбон берун омад ва бо мо дағалона суҳбат кард. Ман гуфтам, чаро наметавонед, бо одамон нармтар рафтор кунед? Ҳамин замон як афсари милиса ба мо наздик шуду маро гуфт, «чаро ба кори мо дахолат мекунӣ?» Ӯ ба рӯи ман як шаппотӣ зад. Ман ба замин афтодам. Вай маро кашола мекард ва ҳамзамон таҳдид мекард, ки ҳабс мекунад. Диданд, ки вазъи сиҳатии ман бад мешавад, ёрии таъҷилиро даъват карданд», — нақл кард Латофат Раҳимова.

Падари Раҳимова ба мақомоти додситонӣ шикоят бурдааст. Мақомот таҳқиқи ҳодисаро шуруъ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *