Пешниҳоди гузоштани пайкара ба модарони қаҳрамон
Пешниҳоди гузоштани пайкара ба модари Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода ва Фарзона
Пешниҳоди гузоштани пайкара ба модари Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода ва Фарзона
Дар як сафар ба вилояти Суғд хабарнигори минтақавии «Тоҷикистон» Фарзона Муродӣ изҳор намуд, ки шоири ваҳдатсаро Мирзо Аҳмади Ҷӯразод мехоҳад бо ман ҳамсуҳбат шавад. Аммо ба сабаби бемории Мирзо Аҳмади Ҷӯразод мулоқот сурат нагирифт. Баъдтар хабарнигор варақаеро аз номи мавсуф бароям дастрас намуд, ки дар он акси чор модар сабт ёфта буд. Муаллиф пешниҳод менамуд, ки ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба чаҳор модар лавҳаи ёдгорӣ (шояд нимпайкара) гузошта шавад. Ҳар кадоме аз ин модарон хидмате барои мардуми тоҷик, Тоҷикистон анҷом додаанд: бо фазилату пайкори худ, зодан ва тарбияи фарзандоне, ки номбардори миллати тоҷик ҳастанд. Тибқи пешниҳоди ӯ ин лавҳа рамз аст, рамзиарҷгузорӣ ба ҳама модарони тоҷик. Дар симои онҳо ҳар фард метавонад модари худро биҷӯяд.
Ман аз хабарнигор пурсидам, ки чаро муаллиф мехоҳад, ки ин пешниҳоди ӯ дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба чоп расад. Ӯ изҳор намудааст, ки маҳз ба шарофати «Тоҷикистон» бисёр пешниҳодҳо ҷомаи амал пӯшиданд, ки бо онҳо ҳар фарди кишвар имрӯз ифтихор дорад. Ин гуфта воқеият дорад.
Субҳи имрӯз боз хабарнигори мо дар вилояти Суғд телефон кард ва гуфт, ки Мирзо Аҳмади Ҷӯразод сахт бемор аст ва орзӯи ягонаи ӯ чопи ин пешниҳод дар ҳафтаномаи дӯстдоштааш мебошад.
Ин пешниҳоди як хонандаи «Тоҷикистон» аст. Дигарон дар чӣ андешаанд, Интизори назари онҳоем. Лавҳаи модарони қаҳрамони тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гавҳари дурдонаи меҳру муҳаббат модар аст,
Пойдори аввалини илму ҳикмат модар аст.
Зери пояш ҷаннати гардуни гардон офарид,
Сарвари имрӯзу фардои адолат модар аст.
Розия Озод (1893-1957), модари Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров:
Розия Озод 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисор ноҳияи Ғафуров ба дунё омадааст. Ӯ ибтидо дар мактаби куҳнаи духтарона таҳсил мекунад. Бедилсаро, муаллифи чанд китоби шеър буд. Розия Озод, ки шахси равшанзамире буд, тавонист фарзандонаш Бобоҷон Ғафуров ва Тоҷиниссо Ғафурова бо ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ тарбия кунад. Эҳсоси миллатпарастии Бобоҷон Ғафуров маҳз аз фитрати Розия Озод сарчашма мегирад. Шеър ва достонҳои ӯ, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар нахустмаҷмӯаи ӯ «Муҳаббат ба Ватан» гирд оварда шудаанд, меҳри ватанпарастиро дар дили ҳар хонанда ҷой мекунад.
Майрами Зиё, (1910-2004), модари Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон:
Майрами Зиё соли 1910 ба дунё омадааст. Ҷанги якуми ҷаҳон ва ҶВБ-ро аз сар гузаронида, дар ҳамон солҳои басо мушкил дар шароити вазнини деҳот фарзандонашро ба камол расонидааст. Як фарзанди ӯ ҳангоми хизмати ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст. Ӯ фарзандеро ба камол расонидааст, ки имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат аст. Хоксорӣ, фурӯтанӣ, заҳматкашӣ ва дасти дуои неки ин модар хоси ҳар модари некфоли тоҷик аст.
Муҳаббат Охунова (1931-2019), модари Қоҳир Расулзода:
Собиқадори ҷангу меҳнат, муаллимаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордену медалҳои зиёд. Ин модар дар қатори фарзандон ҳазорон номбардорони Тоҷикистонро софлидонаю содиқона тарбия кардааст. Дар солҳои ҶБВ омӯзгориро ба худ касб карда, шогирдонро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, қаҳрамонӣ ба камол расонидааст. Солҳои ҶБВ музди меҳнаташро барои Ғалаба ба фронт равона кардааст.
Бароат Ҳоҷибоева(1928-2016), модари Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона:
Бароат Ҳоҷибоева соли 1928 ба дунё омадааст, шоҳиди хоинона ҳамчун миллатгаро ба қатл расонидани падараш Абдураҳим Ҳоҷибоев (яке аз аввалин поягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 30 — юми асри ХХ, Раиси комиссарони халқии Тоҷикистон) дар соли 1938 мебошад. Мавсуф омӯзгориро пеша мекунад, дар мактаб ва донишгоҳҳо дарс мегӯяд. Омӯзгори соҳибмактаб адабиётшинос, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, муаллифи беш аз 150 асари илмӣ буд. Модаре, ки ҳама фарзандонаш соҳибилм, соҳибфазилат ва намунаи баланди ахлоқ барои атрофиён мебошад.
Дасти дуои модар
Мушкилкушо азизон, дасти дуои модар,
Оромиши дилу ҷон, дасти дуои модар.
Балогардон азизон, Майрам Зиёи Раҳмон
Ҳомии мулки Сомон, дасти дуои модар!…
Модар вафои миллат, модар бақои миллат,
Модар мароми миллат, шамси Истиқлолият.
Ҳурмат кунед азизон, модарони қаҳрамон
Бахтовари ворисон дасти дуои модар!…
Аллаҳои модарон пойдори илму ирфон,
Фариштаи хонадон дар ҳама давру замон.
Шабзиндадор ҳамеша модари ҷаннатмакон,
Ҳомиёни ворисон, дасти дуои модар!…
Меҳри модар ҷовидон дар ҳама давру замон,
Меҳри модар набошад, зиндагӣ гардад хазон.
Ғазалсаро Аҳмади бар васфи модари ҷон,
Оромиши дилу ҷон дасти дуои модар!…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ