Лавров: Агар пеши роҳи Украина гирифта нашавад, ҷанги сеюми ҷаҳонӣ сар мешавад

Роҳбари Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки агар пеши роҳи Украина гирифта нашавад, ҷанги сеюми ҷаҳонӣ харобиовар мешавад.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфт, ки амалиёти вижаи низомии Русия ҳадафи халъи силоҳи Украина аст. 

Вай таъкид кард, ки Маскав иҷоза намедиҳад, ки Киев ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад.

«Амалиёти низомӣ дар Украина, аз ҷумла дар Киев, ҳадафи халъи силоҳи Украина аст. Русия иҷоза намедиҳад, ки Украина ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад»,- гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав ба даври дувуми музокирот бо Киев омода аст, аммо ҷониби Украина бо дастури Амрико барои вақт бозӣ мекунад.

Лавров таъкид кард, ки муваффақияти музокира бо Украина иҷрои шартҳое хоҳад буд, ки президенти Русия Владимир Путин таҳия кардааст. «Тамоми шароитҳои зарурӣ барои ҳалли ин вазъ дар чанд маврид комилан возеҳ таҳия шудаанд»,- гуфт ӯ.

Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, ки тамоми нуктаҳо зимни суҳбатҳои телефонӣ ба ҳамсуҳбатони байналмилалӣ низ эълон шудаанд.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти дувуми ҳайатҳои Русия ва Украина бояд дар марзи Лаҳистону Белорус баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *