Лавров аз поёни ҷанг дар Сурия хабар дод
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид.
«Ҷанг дар Сурия воқеан поён ёфт. Ин кишвар тадриҷан ба ҳаёти осоишта ва муътадил бармегардад. Даргириҳо танҳо дар минтақаҳои берун аз идораи артиши ҳукумати Сурия, ба монанди вилояти Идлиб ва соҳили шарқии рудхонаи Фурот боқӣ мондаанд», — гуфт вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи »Труд».
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло акнун вазифаи асосӣ ироаи кумаки башардӯстона ва ҳалли буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар аст.
Расонаҳо ибтидои моҳи сентябри соли равон аз кушта шудани се низомии Неруҳои ҳавоии Русия дар Сурия хабар доданд. Онҳо дар натиҷаи таркиши як мина ҷон бохтаанд. Вазорати дифои Русия ҳалокати сарбозони худро дар Сурия расман рад кард.
Нашрия «Новая газета» низ моҳи июли соли равон хабар дод, ки дар Сурия се шаҳрванди Русия кушта шуданд. Ба иттилои нашрия, кушташудаҳо барои ширкати низомии хусусии «Шит» кор мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ