Лавров ба Душанбе меояд
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии гуфтанд, ки Лавров рӯзи 4-уми феврал вориди Душанбе мешавад ва сафараш то 5-уми феврал идома хоҳад кард.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар суханрониаш дар брифинги рӯзи 31-уми январ гуфт, «Лавров пас аз сафари Бишкек ба Душанбе меравад».»Мулоқоти Сергей Лавров бо президенти Тоҷикистон ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар назар аст. Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ барои дидору мулоқот дар сатҳи олии ду кишварро бо назардошти нақши муҳими Тоҷикистон дар СПАД ва сарҳади тӯлониаш бо Афғонистон, баррасӣ мекунанд», — изҳор дошт ӯ. Захарова ҳамчунон афзуд, дар ин сафари хеш Лавров ба ин кишвари шарик, масъалаи амнияти минтақавӣ, кумакҳо барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, аз ҷумла сарҳади ҷанубии кишвар бо Афғонистон, баррасӣ мешавад. Дар ин сафар, қарор аст, Лавров бо ҳамтои тоҷики хеш Сироҷиддин Муҳриддин барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2019 ба имзо расонанд. Вафо Ниятбекзода, роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин сафари маъмулии вазирони корҳои хориҷӣ дар аввали сол аст, ки ҳар сол сурат мегирад. Ба гуфтаи Ниятбекзода, тибқи одоби дипломатӣ, як сол вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав меравад ва соли дигар вазири корҳои хориҷии Русия ба Душанбе меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ