Лавров чаро аз Душанбе боздид мекунад? (аудио)

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи ИДМ ширкат хоҳад кард.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод. «Рӯзи 13-уми май Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар ҷаласаи навбатии вазирони умури хориҷаи ИДМ, ки дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард»,- гуфт Захарова дар брифинг.

Ба гуфтаи вай, дар ин дидор вазирони хориҷа роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карда, дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ мекунанд.

«Дар назар аст, ки таваҷҷуҳи вижа ба масоили амнияти байналмилалӣ ва таҳкими равобит дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмӣ дода шавад»,- афзуд Захарова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *