Лавров: нагузоранд, кишваре Афғонистонро ба манфиати худ истифода кунад
Сергей Лавров бо ҳайати «Толибоназ таъсис додани ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гуфт ва ҳамзамон талаб намуд, ки онҳо ба аҳди худ содиқ бимонанд
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ӯ бо ҳайати «Толибон»*, ки барои иштирок дар нишасти Маскав бобати вазъи феълии Афғонистон омадаанд, пиромуни масъалаҳое чун риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон суҳбат намудааст.
Вазири рус афзуд, зимни мулоқот аз намояндагони «Толибон»* даъват шуд, то ба ваъдаи худ вафо кунанд ва нагузоранд, кишваре қаламрави Афғонистонро ба манфиати худ истифода кунад.
Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки бобати ин масъала борҳо суҳбат шуда буд.
«Мо аз ҷунбиши «Толибон» даъват мекунем, то ногузоранд кишвари дигар қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба давлати саввум истифода барад».
Аз ин пеш, вазири умури хориҷаи Русия аз мушкилоти дохилии Афғонистон ва таҳдид он ба кишварҳои ҳамсоя гуфт.
Лавров қайд кард, ки созмонҳои террористӣ метавонанд аз ин вазъият истифода кунанд.
Вай афзуд, ки мушкилоти тавлиди маводи мухаддир низ аз мавзуъҳои рӯз аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ