Лайлӣ мошини Маҷнунро оташ зад

Шаби 30 ба 31 май дар маҳаллаи «Профсоюз”-и шаҳри Душанбе як мошини ВАЗ-2109 дар пеши чашми мардум ба коми оташ рафт.

 Маълум мешавад, як духтар ба нишони интиқом аз ҷавони дӯстдоштааш, ки солҳо бо ӯ риштаи ишқу муҳаббат баста дар охир аз ӯ даст кашидааст,  мошинашро оташ задааст.

Худи ронандаи мошин ба хабарнигорон гуфтааст, ки медонад, мошинашро кӣ сӯзонд, чунки як рӯз пеш тариқи телефон бо дӯстдухтараш ҷанг карда буд.

Шоҳидон мегӯянд, ки ин ҷавон бо як духтар ишқ меварзид, вале то ҳол ба хонаи духтар барои хостгорӣ одам нафиристоданаш сабаби муноқиша байни ин ду дилдода шуда буд. Духтар ҷавонро ба хиёнат айбдор карда, аз сари қаҳр мошини ӯро оташ задааст.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *