Лайло Касрӣ «Ҳадя»-Амрико-Эрон

Барои ту

Туро даричаи хокистарӣ, ситораи тор,

Туро фусурдагии баргҳо, ҳазор-ҳазор.

Паррандаест, ки мехонадат ғариб, зи дур,

Сурудҳои ниҳод дар фурудҳои ҳисор.

Барои туст, ки мегирад инчунин дили абр,

Барои туст, ки меборад осмон бисёр.

Надонам он ки ба зеҳнат чӣ рангҳо ҷорист?

Ба хотират расад оё ҳанўз нақши баҳор?

Агар ҳавои дилат мекушояд аз ғаму абр,

Зи сўгворию аз ашкҳо дареғ мадор!

Ба ҳеч рўй намеёбамат ба ҳеч тариқ,

Магар ту шудаӣ дар миёни гарду ғубор?

Барои он ки надонад касе ҳузуратро,

Биё, калиди шабатро ба кўҳҳо биспор.

Биё, бигўй ба хушбоварон аз он чӣ гузашт,

Ки дар ниҳояти нармӣ чӣ ёфтӣ: девор.

***

Моҳи сангӣ

Ёдам ояд солҳо,

Ман ба шеърам моҳи худ хонда туро.

Чун ғариқе чанг бар ёдат задам,

Соҳили дилхоҳи худ хондам туро.

Ёдам ояд солҳо…

Бе ту дил девонаи бетоб буд,

Дар сиёҳиҳои умрам ёди ту.

Партави рўъёи он маҳтоб буд,

Қиссаи ишқи ту буд.

Ҳарчӣ аз дил роз мегуфтам ба моҳ,

Аз ту буду аз ту буду аз ту буд.

Ҳарчӣ шабҳо боз мегуфтам ба моҳ,

Ҳеч мепиндоштам.

Моҳ, ин дарёи ишқангези нур,

Чун ту бо меҳру вафо, бегонаест.

Ҷилвае хуш дорад, аммо дур…дур…?

Ҳеч мепиндоштам.

Синаи маҳ, синаи санг асту ҳеч,

Моҳ, ин ҳам суҳбати шабҳои ман.

Чун ту афсўс асту найранг асту ҳеч?

Вой бар ман, санг шуд,

Ҳаркӣ дил дар доманаш андохтам.

Рўҳи шайтон дар саропояш дамид,

Ман зи ҳар кас ҳар худоӣ сохтам.

Моҳи ман, бо ман бигў,

Бе ту шабҳо бо кӣ гўям рози хеш?

Боз ҳам баъд аз ту сангиндил, ҳанўз,

Моҳи сангиро кунам дамсози хеш?

***

Парҳез

Парҳез кунӣ аз ману пайғом надорӣ,

Бо он ки дар ин васваса, ором надорӣ.

Афкори ту дар доми нигоҳи ман асир аст,

Танҳо нигаронам, ки диле ром надорӣ.

Аз оқибати кор чӣ гўӣ? Назарат чист?!

Бигзар, ки дар ин роҳ, саранҷом надорӣ.

Дар бовари пурҳасрати ман, эй шаби мағрур!

Мепоию ҷуз абри сияҳфом надорӣ.

Эй рўди шитобон! Зи ғами бирка ғамат нест,

Меоиву ҳатто ғами айём надорӣ.

Парво накунӣ аз дили танҳои «сапеда»,

Андеша зи хуршеди лаби бом надорӣ.

***

Дилтангякранг

Зимистон,

Ту – ман ҳастӣ – оё?

Ки аз гиря беихтиёрӣ?

Ту – ман ҳастӣ- оё?

Ки бегона бо хандаҳои баҳорӣ?

Зимистон,

Ту – ман ҳастӣ? – оре,

Ки ман нақши беранги ҳастиямро,

Дар андоми урёни боғи ту дидам.

Ва аз ларзиши устухонҳои пўсидаи шохаҳо,

Низ фарёди як умр беҳудагиро шунидам.

Зимистон ва ман ёвари якранг,

Зимистон ва ман, ҳар ду дилтанг.

***

Сухане аз авҷ

Гарчӣ бо зарраҳои бе миқдор,

Ҳарфи хошоку хок ҳам,

Қиссаҳои амиқи инсонист,

Ҳарфи ман ҳарфи рўшноиҳост.

Бо ситораву хуршед,

Ҳарфи ман бо замини ташнаву абр,

Ҳарфи дилсарӣ аст,

Ҳарфе аз талхии ҷудоиҳост.

Қиссаи эҳтиёҷи як рўиш,

Дар тани соқаи ҷавонмардист.

Ҳарфи манро бояд,

Дар сапедаи субҳ,

Дар шукуфаи меҳр,

Дар дили духтарони поксипеҳр.

Ҳарфи манро,

Дар ҳақиқат бояд ёфт.

Ҳарф ин аст, ки:

Ҳатто барои дор задан,

Ресмон аз ситора бояд бофт.

لیلا کسری «هدیه»- آمریکا- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *