Лайло Сароҳат Равшанӣ – Афғонистон

Шаб

Зи шоми шаҳри табоҳам ситора дуздиданд,

Ситораҳои маро ошкора дуздиданд.

Чӣ фавҷ – фавҷи малахро ба боғ раҳ доданд,

Калиди боғ ба дасти шаби сияҳ доданд.

Шабе, ки ҳар раги ҷонаш ба ташнагӣ пайваст,

Шабе, ки равзанаҳои ситораашро баст.

Шабе, ки шуълаашро барқ ханҷар буд,

Шабе, ки ҷоми сукуташ шикастабовар буд.

Шабе, ки хайли малах роҳ бар баҳор заданд,

Парандаро ба дарахти хаста дор заданд.

Ва сабзаҳо зи самуми сиёҳ пажмурданд,

Ва нағмаҳо ба гулӯи парандаҳо мурданд.

Шабе, ки саҳараш буд, сахт хунин буд,

Ҷабини бовари хуршед талху пурчин буд.

Фалақ ба шаҳри ман оташ ба души рух бинмуд,

Ки шуълаҳояш дарахтони сабзи шаҳрам буд.

Чӣ дуздҳо, ки далеронаву чароғ ба каф,

Савори аспи ҷунуну калиди боғ ба каф.

Зи шоми шаҳри сиёҳам ситора дуздиданд,

Табассуми саҳараш ошкора дуздиданд.

***

Мазори шукуфа

Ва чӣ хомӯш омадаст баҳор,

Захм бар душ омадаст баҳор.

Абрҳо ташнакому беборанд,

Ахгари буғз дар гулӯ доранд.

Қомати сабзи боғ сӯхтааст,

Лаб лабханди шод дӯхтааст.

Обилаҷӯш гаштааст, дарахт,

Бе табу тӯш гаштааст, дарахт.

Боз аз дашту роғ рӯид,

Шаб ба чашми чароғ рӯид.

Боз ин осмон сияҳпӯш аст,

Боз ин боғи шуъла бар дӯш аст.

Чилчила боз беқарор шуда,

Марсияхони лолазор шуда.

Сабза дар дидаҳо шарор шуда,

Дидгони шукуфаҳо тор шуд.

Шеъри борон ҳавои ғам дорад,

Бар мазори шукуфа меборад.

Дардҳо рафта-рафта доғ шуда,

Боз манзилгаҳи калоғ шуда.

Гарчӣ дар хоки дил баҳор дар аст,

Интизорам ба дида шуълавар аст.

То дубора шукуфа эъҷозаш,

Боз хонад ба гӯшҳо розаш.

Бар дили боғ то қарор омад,

Рӯҳи сабзаш ба шӯразор омад.

То кӣ борони субҳгоҳи баҳор,

Бедареғона лола орад бор.

То баҳорам зи дарду доғ дамад,

Аз мазори шукуфа боғ дамад.

***

Ёрони баҳор

Дар фасли бе таронаи бемор,

Вақте калоғҳо аз кӯчи фасли ишқ сухан мегӯянд

Боре ба ман садоқати борон шав,

Ё орзуи сабзи баҳорон шав.

Вайронаам зи дард,

Инро фақат ду дасти ту медонанд.

Бо дастҳои хеш биноям кун,

Аз дард, дард, дард, раҳоям кун,

Аз ҳамсадои дур, садоям кун.

لیلا صراحت روشنی– افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *