Лейкоз табобат дорад?

Саратони хун ё сафедхунии шадидро, ки дар тибби муосир лейкоз мегӯянд, бемории бадсифати бофтаҳои хунофар бо ҷойгиршавии раванди патологӣ дар мағзи сурхи устухон мебошад.

Ба духтари хоҳарам, ки 2-сола аст, ташхиси лейкоз гузоштанд. Фаҳмидан мехостам, ки ин чӣ гуна беморӣ аст ва оё табобат дорад?

Зулфия Расулова, н. Ҳамадонӣ

Ба саволи хонанда Абдулҳафиз Шамсов, муаллими калони кафедраи тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чунин ҷавоб дод:

-Саратони хун ё сафедхунии шадидро, ки дар тибби муосир лейкоз мегӯянд, бемории бадсифати бофтаҳои хунофар бо ҷойгиршавии раванди  патологӣ дар мағзи сурхи устухон мебошад. Хун се шоха дорад, дар натиҷаи паст шудани миқдори яке аз онҳо ба хунварӣ оварда мерасонад.

Сабаби пайдо шудани  ин беморӣ мувозинати ҳуҷайравӣ дар хун  вайрон шуда, ҳуҷуми  ҳуҷайраҳои сурхи хун ба ҳуҷайраҳои  сафеди хун зиёд мегардад. Дар натиҷа лейкоситҳо  вазифаи худро дар меъёр иҷро карда наметавонанд. Мағзи сурхи устухон дар 3 — моҳагии давраи дохилибатнӣ инкишоф ёфта, аз 5 — моҳагии давраи ҷанинӣ  вазифаи хунофариро иҷро мекунад.

Дар давоми ҳаёт дар он ҳосилшавии ҳуҷайраҳои хун, аз ҷумла, эритроситҳо, лейкоситҳо ва тромбоситҳо дида мешавад. Дар вақти паст шудани  мегакариотситариҳо, ки аз трамбатситҳо пайдо мешавад, дар натиҷаи  паст шудани он аз пайдо шудани доғҳои кабудчатоб  ва доначаҳои сурх дар пӯсти бадан ва алоими хунравӣ, аз ҷумла хунравӣ аз бинӣ, аз милки дандонҳо, меъдаву рӯдаҳо, мағзи сар, пешобдон  оварда мерасонад.

Ташхиси беморӣ дар марҳилаҳои аввал бисёр душвор аст, зеро аломатҳои он дар аввал ба аломатҳои зуком хеле монанд аст. Дар ҳолати паст шудани масъунияти бадан, ба организм инфексия ҳамроҳ шуда, ҳарорати бадан то 40 дараҷа мерасад.  Волидонро зарур аст, ки нисбати саломатии худ ва кӯдакон беаҳамиятӣ  накарда, ба  духтур муроҷиат намоянд, зеро пешгирии беморӣ назар ба табобати он осонтар аст.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *