Лейтенанти калон миқдори калони маводи мухаддирро ба Душанбе овардан мехост

Як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо миқдори махсусан калон маводи мухаддир боздошт шудааст
Мақомоти милисаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чанде пеш тақрибан 146 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд, хабар медиҳад «Авеста» дар такя ба манобеяш аз ВКД.
Ба иттилои манбаъ, бо гумони қочоқи ғайриқонунии ин маҳсулоти нашъадор як корманди Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар боздошт шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови автомашинаи лейтенанти калони қӯшунҳои сарҳадӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар тақрибан 146 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 101 кило афъюн ва тақрибан 45 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда ният дошт, ки ин маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад.
Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, шахсони дигари дар ин ҷиноят дастдошта муайян карда мешаванд, афзудааст, манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *