«Ленин бародар раҳнамо…»

То рӯзе, ки Муъминобод ҳаст, ҳайкали Ленин нигоҳдорӣ карда мешавад. Дар рӯзи таваллуди Ленин бар пояи он гулчанбар гузошта мешавад. Хотираи ӯ пос дошта мешавад ва атрофаш обод карда мешава

Бар хилофи шаҳру ноҳияҳои дигар, ки ҷойи доҳии пешинро ба нишону парчами Тоҷикистон доданд, муҷассамаи Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравӣ, дар маркази ноҳияи Муъминобод (Ленини собиқ) ҳифз шудааст. Ин пайкара дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати ноҳия қарор дорад.
Мақомот дар Муъминобод гуфтанд, то замоне ки ноҳия вуҷуд дорад, муҷҷасамаи Ленин ҳифз хоҳад шуд. Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод, гуфт, пайкараи “доҳии пролетариатҳо” на ҷойи касеро танг кардаву ва на ба касе зиён расондааст.
«То рӯзе, ки Муъминобод ҳаст, ҳайкали Ленин нигоҳдорӣ карда мешавад. Дар рӯзи таваллуди Ленин бар пояи он гулчанбар гузошта мешавад. Хотираи ӯ пос дошта мешавад ва атрофаш обод карда мешавад”, — афзуд ӯ.
Раиси Муъминобод то ба ҳол барчида нашудани муҷассамаи Ленинро дар ноҳия ба он бастагӣ дода, ки нони Шӯравиро хӯрдаву бузург шудаанд, ҳарчанд имрӯз узви Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳастанд. Ӯ гуфт: «Ман узви ҲХДТ ҳастам, падару модарам нони портияи коммунистиро хӯронда, маро тарбия кардаанд. Модари ман ҳоло узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст.»
Лутфия Шарифзода айни ҳарфҳои мақомоти ноҳияи Темурмаликро такрор кард. Соли 2014 ҳукумати ноҳияи Темурмалик барои тармиму бозсозии муҷассамаи Ленин 1500 доллар сарф карда буд. Ҳоло он муҷассама нест ва ҷояш майдони нишони миллӣ дуруст мекунанд.
Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Темурмалик, гуфта буд, “бо тартиби қонунҳои амалкунанда қариб, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳайкали Ленинро гирифтанд. Мо ният доштем, ки ҳайкали Исмоили Сомониро монем, вале дидем, ки дигар замин надорем, рамзҳои давлатиро дуруст кардем.»
То чанд соли пеш муҷассамаҳои Владимир Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленин бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, парчам ва ё Рӯдакӣ иваз карда шуданд.
Нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.
22-юми апрел рӯзи таваллуди Владимир Ленин аст. Зодрӯзи доҳии коммунистҳо дар замонии Шӯравӣ яке аз ҷашнҳои умдаи расмӣ ва оммавӣ ба шумор мерафт, аммо бо гузашти зиёда аз ду даҳа аз фурӯпошии СССР аъзои ками Ҳизби коммунист ва асосан сокинони солхӯрда аз ин рӯз ёдовар мешаванд.
«Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *