Леонардо Ди Каприо аз Эмомалӣ Раҳмон ҳимоя хост
Леонардо Ди Каприо, ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд аз раҳбарони 13 кишвар, аз ҷумла аз раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҷиҳати наҷоти бабри барфӣ иқдомоти қотеонаеро рӯи даст бигиранд.
Леонардо Ди Каприо, ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ тавассути саҳифаҳояш дар шабакаҳои Instagram ва Твиттер аз ҳама даъват кардааст, зери як петитсия бо талаби наҷоти бабри барфӣ имзо кунанд. Ин петитсия даъват аз раҳбарони 13 кишварест, ки ин навъи ҳайвони ваҳшии дар ҳоли нобудшавӣ ба сар мебарад.
Даъвати Ди Каприо ба ҳифзи бабри барфӣ дар остонаи Форуми байналмилалии Бишкек аст, ки рӯзҳои 23-25 август маҳз ҳамин мавзӯи наҷоти бабри барфӣ аз чанги нестиро баҳс хоҳад кард.
Ситораи Ҳолливуд дар саҳифаҳояш, ки 18 миллион пайрав дорад, бонки изтироб баланд кардааст, ки «мо ба далели хароб шудани қаламрави сукунат, ҷанги инсон бо табиат ва шикори ғайриқонунӣ бабри барфиро аз даст дода истодаем. Зери петитсия ва даъват аз раҳбарони кишварҳое, ки бабри барфӣ ба сар мебарад, бо талаби наҷоти бабри барфӣ имзо кунед.”
Бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба Китоби сурх шомил карда шуда, Тоҷикистон дар баробари 13 кишвар ҳамчунин узви Ташаббуси ҷаҳонӣ барои наҷоти ин наавъи ҳайвони ваҳшист.
Ҳомиёни муҳити зист мегӯянд, дар саросари дунё тақрибан 3000 сар бабри барфӣ боқӣ мондааст, вале ба далели шикори ғайриқонунӣ шумораш сол ба сол башиддат кам мешавад. Дар Қирғизистони ҳамсоя, бино ба ҳисобҳо, то 250 сар бабри барфӣ боқӣ мондааст, вале шумори дақиқи ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон то кунун ҳисоб нашудааст.
Леонардо Ди Каприо, ситораи маъруфи Ҳолливуд, ки бо иҷрои нақши асосӣ дар филмҳое, чун «Титаник”, «Гурге аз Уолл-Стрит”, «Наҷотёфта” ва «Бандаҳои Ню-Йорк” машҳур аст, ҳанӯз дар соли 1998 бо ихтисоси 30 миллион доллар сандуқи хайрияеро бо номи Leonardo DiCaprio Foundationтаъсис дод, ки асосан ба ҳимояи муҳити зист машғул аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ