Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро кард

Пахтакорони шаҳри Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро карданд. Дар мавсими имсолаи пахтачинӣ Левакант аввалин шаҳрест, ки нақшаро иҷро кард.

Мирзоалӣ Қаландарзода, сардори бахши кишоварзии шаҳри Левакант дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ҷамъоварии пахта мувофиқи нақша 2 ҳазору 460 тонна аст.

Ӯ мегӯяд, ки пахтакорон аз нақша беш аз 50 тонна барзиёд ҷамъоварӣ кардаанд ва ҳоло ҳосил ҳаст ва чидани он муташаккилона идома дорад.

“Дар шаҳри Леваканд дар соли 2024-ум 1 ҳазору 30 гектар пахта кишт шудааст”,-афзуд вай.

Ҳамасола шаҳри Левакант яке аз аввалинҳо шуда, маъракаи ҷамъоварии пахтаро иҷро мекунад. То имрӯз нақша 104 дарсад иҷро шудааст. Феълан дар вилояти Хатлон шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён, Шаҳритус, Вахш, Бохтар, Қубодиён, Ҷайҳун, Данғара ва ноҳияи Ёвон пешсафанд. Шаҳру ноҳияҳои мавриди назар аз 35 то ба 70 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *