«Lexus RX350» аз болои пули дарёи Элок ба зер рафт. Мусофири 69-сола ҳалок шуд
Дар қисмати роҳи Душанбе-Ваҳдат, ки аз қаламрави ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат мегузарад, мошини тамғаи «Lexus RX350» аз болои пули дарёи Элок ба зер рафтааст.
Сабаби садама ронандаи 40-солаи мошин гуфта мешавад, ки сокини ноҳияи Нуробод буда, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, дар ин садамаи мудҳиш мусофири 69-солаи мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ