Лейтенанти калон Амиҷонов чаро занашро парронд?
Корманди ШВКД ноҳияи Вахш лейтенанти калон Набиҷон Аминҷонов соати тақрибан 20-и шоми 8 сентябр посгоҳи Калташӯр дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахшро худсарона тарк карда, ба хонааш, ба совхози «Вахш”, ки 20 километр дур аст, рафта, ҳамсарашро паррондааст.
Аминҷонов, ки ҳоло дар тавқифгоҳи шаҳри Бохтар қарор дорад, дар бозпурсӣ гуфтааст, ҳамсараш ӯро ҳар рӯз асабонӣ мекард, ки чаро бевабозӣ мекунӣ? Аминҷонов ду зан ва аз ҳамсари кушташудааш се фарзанд дошт.Дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфтаанд, дар ҷараёни таҳқиқи аввалия бархе ҷузъиёти куштори бераҳмонаи ҳамсараш аз ҷониби корманди ШВКД ноҳияи Вахш лейтенанти калон Набиҷон Аминҷонов ошкор шудааст. Маълум шудааст, ки Набиҷон Аминҷонов рӯзи 8 сентябр дар посгоҳи Калташӯр дар ҷамоати Машъал навбатдор буд. Дар рӯзҳои таҷлили иди Истиқлолият кормандони милиса ҳама дар ҳолати омодабош қарор дошта, онҳоро барои тақвияти чораҳои амниятӣ дар рӯзҳои ид ба посгоҳҳо тақсим карда буданд. Аммо Аминҷонов шоми 8 сентябр, тахминан соати 20 посгоҳро худсарона тай карда, ба хонааш дар совхози «Вахш”, ки аз посгоҳи Калташӯр тақрибан 20 километр дуртар аст, бармегардад. Дар хона байни ӯву ҳамсараш муноқиша бармехезад ва Набиҷон Аминҷонов ҳамсарашро дар назди фарзандонашон аз таппончаи хидматии тамғаи Макаров ду тир мезанад. Зан бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Набиҷон Аминҷоновро худи ҳамон рӯз боздошт карданд ва ӯ ҳоло дар тавқифгоҳ (ИВС)-и шаҳри Бохтар нигоҳ дошта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ