Ли Ён Хо аз Кореяи Шимолӣ ба Душанбе меояд
Сафари ҳайати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии кишвари мазкур Ли Ён Хо рӯзҳои 13-15 апрел дар назар аст.
Дар ҷараёни сафар Ли Ён Хо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ, ҳамчунин масоили марбут ба амният дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳамақида мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ