Лифти кайҳонӣ ихтироъ шуд

 

Имрӯз барои ба кайҳон баромадан на танҳо ракета, балки саломатии хуб, асабҳои мустаҳкам ва пули бисёр лозим аст.

Муҳақиқони NASA ва ширкати LiftPort Inc минбаъд аз «лифтҳои кайҳонӣ» истифода бурданро тавсия медиҳанд. «Лифти кайҳонӣ» бо лентае пайваст аст, ки як канораш дар замин ва канори дигараш дар орбитаи геосинхронизатсия шудаи кайҳонӣ (дар баландии 100 000 км) васл гардидааст. Дарозии лентаро тағйир дода, ба орбитаҳои гуногун баромадан мумкин аст. Дар стансияи охирин, агар лозим бошад, капсула аз лифт ҷудо шуда ба кайҳон мебарояд. Суръати капсула дар ин муддат 11 км/с дар бар мегирад. Ин суръат барои сайёҳат ба Миррих ва сайёраҳои дигар кифоя аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *