Лигаи олӣ: «Хуҷанд» пешсафиро нигоҳ медорад?

Дирӯз – 1-уми апрел, даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо вохӯрии «Истиқлол» ва «Регар-Тадаз» ба фарҷом расид. Душанбегиҳо ба дарвозаи  ҳари фони деринашон 2 тӯб зада, аз  худ 1 тӯб гузаронданд.

Қабл аз ин, «Хуҷанд»  «Барқчӣ»-ро,  «Хатлон» «Панҷшер»-ро бо ҳисоби якхелаи  1:0 шикаст доданд. КМВА «Помир» бо «Куктош» мусовӣ бозид.

Пас аз ин, «Хуҷанд» дар садри аввали ҷадвал,  «Истиқлол» ва «Куктош» дуюму сеюм қарор гирифтаанд.

Вохӯриҳои даври чорум 4, 7  ва 8 апрел баргузор мешаванд. 4 апрел «Куктош» бо «Истиқлол», 7 апрел «Панҷшер» бо «Барқчӣ», 8 апрел «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ»  ва КМВА «Помир» бо  «Хатлон» ба майдон мебароянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *