Лимит идома дорад! Cокинони кишвар кай соҳиби барқи доимӣ мешаванд?

Бо фаро расидани фасли сармо сокинони вилояти Суғд ҳамоно аз набудани барқи доимӣ ва идома ёфтани лимити барқ шикоят доранд. Сокинони вилояти Хатлон низ дар тамосҳои пайдарҳами телефонӣ ба “Тоҷикистон” аз набудани барқ шикоят мекунанд.

Сокинони шаҳру навоҳии Суғд мегӯянд, ки рӯзу шабҳои фасли сарди зимистонро бо мушкили камбуди барқ сипарӣ мекунанд. Сафаралӣ Саидов, як сокинони ноҳияи Шаҳристон мегӯяд, ки ҳам рӯзу ҳам шаб барқи хонаҳояшон қатъ карда мешавад.

“Шабона аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ ва рӯзона аз соати 09:00 то соати 15:00 интиқоли барқро боз медоранд”,- иброз намуд сокини ноҳияи Спитамен.

Мушкили қатъи барқрасонӣ ду моҳ қабл аз оғози фасли зимистон дар шаҳру навоҳии умдатан куҳистони Суғд шуруъ шуда буд. Он замон масъулони идораи барқ онро ба таъмири хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқӣ рабт дода, мегуфтанд, ки ин ҳама барои дар фасли сармо бе мушкил бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар аст.

Аммо ин дар ҳолест, ки аксар сокинони навоҳии кишвар дар бораи маҳдудуяти барқрасонӣ таъкид меварзанд.

Ромиз Шарипов, як сокини деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич мегӯяд, ки бо шуруъи фасли сармо реҷаи барқрасонӣ тағйир наёфтааст.

“Шабона то 7 соат ва рӯзона то 8 соат барқро хомӯш мекунанд. Дар бораи сабаби қатъи барқрасонӣ ҳеҷ кас ҳеҷ чиз шарҳ намедиҳад. Аз сабаби набудани барқ ва сардӣ мо хонаҳоро бо таппаку ангишту ҳезум гарм карда, аз равшании шамъ истифода мебарем”,- мегӯяд номбурда.

Дар бораи мушкили қатъи барқрасонӣ масъулони идораи барқ расман чизе шарҳ намедиҳанд.

Вале як манбаъ дар ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи аксар шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, зимни суҳбат гуфт, ки бо кадом сабаб барқ қатъ карда мешавад.

“Дар фасли зимистон талабот ба истифодаи барқ зиёд аст, хусусан дар рӯзҳои сардӣ. Ин ҳолат эҳтимоли сабаби рух додани садама ва сӯхтор дар хатҳои барқиро ба вуҷуд меорад, зеро на ҳамаи зеристгоҳҳо тавони бештар доранд. Аз ин лиҳоз, мо барои дам додани кори онҳо, тибқи реҷа муваққатан интиқоли барқро қатъ мекунем”,- қайд намуд масъули идораи барқ.

Масъулони идораи барқ мегӯянд, ки ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии барқ дар шаҳру навоҳии Суғд ҳоло ба беш аз 18 миллион кВт соат баробар аст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ то 150 ҳазор кВт соат зиёд будааст.

Қатъи интиқоли барқ дар Тоҷикистон аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда буд. Он замон масъулони идораҳои тақсимоти барқ мегуфтанд, ки ин вазъ аз ҷараёни корҳои профилактикӣ вобаста буда, барои дар фасли сармо бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло сокинон мегӯянд, ки фасли зимистон ҳам фаро расид, аммо мушкили қатъи барқ ҳамоно боқист.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *