лимит

Лимити барқ дар Тоҷикистон лағв шуд

Ширкати “Барқи тоҷик” аз анҷоми маҳудидиятҳои интиқоли барқ ба аҳолӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки чанд шабонарӯзи охир лимит дар Тоҷикистон пурра бардошта шудааст.

Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси Шабакаҳои тақсимоти барқ, мегӯд, шуруъ аз 7 май тамоми маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар кишвар лағв шуд.

“Аҳолии кишвар ҳоло пурра бо барқ таъмианнд ва ҳеҷ гуна маҳдудият ё лимите вуҷуд надорад”, — гуфтааст Бахтиёр Раҳматзода.

Муовини раиси Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфтааст, ки ҳар куҷое барқ қатъ шавад, марбут ба мушкилоти техникӣ ё корҳои техникӣ аст.

“Дар чунин маворид аз мардуми кишвар мехоҳем, ки ба намояндагиҳои “Барқи тоҷик” дар маҳалҳои худ муроҷиат кунанд ё бо марказ тариқи телефонҳои боварӣ тамос гиранд. Фақат бидонанд, ки маҳдудият дигар нест”, — гуфт Бахтиёр Раҳматзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *