Лино Рўзбеҳ Ҳайдарӣ — Афғонистон
Даврони чарх
Фалакро бин аҷаб мағрур гаштаст,
Ду чашмаш ба бар ду олам кўр гаштаст.
Разилон шарти оқоӣ намоянд,
Ва дуздон корвонро раҳ намоянд.
Риёкорон ба масҷид дар намозанд,
Ва мазлумон ба золим сулҳ созанд.
Ба номи дин ҳама аз дин гурезанд,
Ба фармони дағал бо ҳам ситезанд.
Сиёсатро улоғон мечалонанд,
Ва шерон дар паси мушон равонанд.
Ҷаҳон дар коми ғўлон ғарқ гаштаст,
Ба киштӣ нохудо як мушт маст аст.
Уқобон каргасонро меситоянд,
Ҷавонмардон чӣ гашатанд, дар куҷоянд?
Ҳама бозор гаштаст ин куҳансин,
Яке кишвар фурўшад в-он дигар дин.
Занад бўса ба дасти гург чўпон,
Алалҳақ! Эй аҷаб, з-ин чархи даврон.
***
Бекасӣ
Дар гирди мизи сулҳ сухан аз ҳоли мо нашуд,
Дорўи сад табиб ба дарде шифо нашуд.
Ҳар кас садо ба номи ҳуқуқи башар кашид,
Лекин ба бесадову танам кас садо нашуд.
Овора мо шудему ба хун тар зи мо кафан,
Болонишиннишаста ба боло фидо нашуд.
Ҳар чеҳра ғарқи мотаму ҳар лона дасти бод,
Сер дидагони мо зи раҳи ҳирсу ҷо нашуд.
Гўрасту мотамасту ғами маргу бекасӣ,
Аршу замин зи нолаи дил сар ба по нашуд,
Умре ба роҳи ноҷии худ чашм кардаем,
Кас ноҷие ба мани насли ориё нашуд.
Дар умқи чоҳ гиреҳ ба гиреҳ ресмони мо,
Боз аз умеду хайру шукўҳи дуо нашуд.
Сад далқаке ба саҳна биёмад, бирафту боз,
Як меҳрубон ба киштии мо нохудо нашуд.
Ҳар ҷо ҷамеъу ғабғаба пурбоди ҳарфи муфт,
Кас хаста з-ин маросими бемуҳтаво нашуд.
Маънии сулҳ нест ба фарҳанги луғате,
Бегона вожае, ки ба мо ошно нашуд.
Қарне гузашту мо ба ҳамон кўчаву хамем,
Таърихи мо, гузаштаи мо, дарси мо нашуд.
Гар рафт як зи насли дигар ҷанг баркананд,
Садҳо зи мо бимурду яке дар азо нашуд.
Бисту се сол ҷангу ҳазорон шаҳиди пок,
Табъизи қавму дину забонро даво нашуд.
Ҳар кас ба матлабею муроде ба саф нишаст,
Бе матлабу мурод касе раҳнамо нашуд.
Бозори худфурўшӣ чи гарм аст ба ҳар тараф,
Ин маслаки палиди ҷаҳон бебаҳо нашуд.
Ҳамсоя хўрду бурду худ он дузди корвон,
Кас дар пайи ҷавоб ба ин моҷаро нашуд.
Дил аз ҳама гирифту ба кас эътимод нест,
Хоҳони хайри мо ба ҷаҳон ҷуз худо нашуд.
***
Беқарорӣ
Дарди ёрамро ба ман деҳ, ғамгусориҳо зи ман,
Айшу шодиҳо аз ўву ҷоннисориҳо зи ман.
Дар фироқаш гиря кардан, зор гаштан, оҳу дард,
Шавқу васли ишқ аз ўву бардабориҳо зи ман.
Ноз кардан, дил шикастан, ишваву ҳар дилбарӣ,
Бо сияҳзулфон аз ўву беқарориҳо зи ман.
Маст кардан, ҷом додан, бехудӣ, девонагӣ,
Бениёзиҳо аз ўву майгусориҳо зи ман.
Пур шудан, парвона гаштан, гирди ҳар гул пар задан,
Ҳар сабукболӣ аз ўву рашку хориҳо зи ман.
Дил тапидан, роҳ дидан, дар раҳаш бе интиҳо,
Нози маъшуқон аз ўву дарду зориҳо зи ман.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ