Лионел Мессиро бо шишаи об заданд
Пас аз пирӯзии “Интер Майами” бар “Лос-Анҷелес” як шиша об ба сӯи Месси партоб шуд.
Як мухлиси номаълум ба сӯи ҳамлагари аргентинии “Интер Майами” Лионел Месси пас аз бозии мавсимии Лигаи олии футболи Амрикои Шимолӣ (MLS) бо “Лос-Анҷелес” як шиша об партофт.
Рӯзи душанбе “Интер Майами” дар меҳмонӣ “Лос-Анҷелес”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, ки ин бозигари 36-солаи аргентинӣ ду партофти головар кард. Дар видеои шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда чунин ба назар мерасад, ки шиша ба марде, ки дар наздикии Месси истода буд, бархӯрдааст.
Месси тобистони соли 2023 ба “Интер Майами” гузашт. Аргентинӣ дастпарвари дастаи «Барселона»-и Испания мебошад, ки ба ҳайати он қаҳрамони даҳкаратаи Испания ва чаҳоркаратаи барандаи Лигаи Чемпионҳо шомил буд. Соли 2021 ӯ ба дастаи «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса гузашт, ки ду маротиба қаҳрамони кишвар ва як маротиба Суперҷоми Фаронсаро ба даст овард. Дар ҳайати тими миллии Аргентина Месси қаҳрамони ҷаҳон ва барандаи Ҷоми Амрико шуд. Аргентинӣ барандаи ҳафткаратаи “Тӯби тиллоӣ” аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ